Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳа, чанори дастниҳоли падарашро оғўш мегираду ба замини пахта мегузарад, ба замини пахтаи Раҷаб–саркор. Ба машомаш бўи кокулҳои Зайнаб мезанад. Зайнаби азизашро дар ҳамин замин, дар байни ниҳолакони баланди пахта нахустин бор ба оғўш гирифта, аз лабони сўзонаш бўсида буд. Ҷавонӣ, ҷавонӣ! Куҷо шудӣ? Куҷо шуд он лаҳзаҳои нотакрори беғамӣ? Зайнабу бачаҳояш куҷо шуданд? Оё зиндаанд? Ё мисли гурезаҳои хоки ҳамсоя дар ба дару кў ба кў сарсону саргардонанд?
Мераваду дарро мекўбад. Занаш, ки аз зинда будани Хоҷам бехабар аст, дарро бо эҳтиёт мекушояду аз ин дидори ғайричашмдошт беҳуш мешавад. Аммо Хоҷам ўро имкони ба рўи замин афтодан намедиҳад. Чолокона ба оғўш мекашад, ҳарисона аз сару рўяш мебўсад. Аз хона Кариму Ҷонони азизаш давида мебароянд, шўру қиём баланд мешавад.
Дар як замон ҳамсояҳо ҷамъ меоянд, навбат ба навбат сару рўи ўро даст–даст карда мебинанд, ки оё ў Хоҷам аст ё каси дигар.
Занаш ба танўр оташ меандозад. Бўи нон оламро мегирад. Биллоҳ, дар ду дунё чун нони танўрашон хушбўйтару хуштаъмтар ноне нест! Раҷаб–саркор говро пўст мекунад, деги худоӣ ба ҷўш меояд. Вай дар пеши касе гунаҳгор нест, ўро гунаҳгор намедонад, сараш баланд аст. Не, беҳтар он аст, ки ҷанг набудааст, бародаркушӣ набудааст, ҷилои ватан набудааст, хориву зориву ғурбат набудааст, ҷудоӣ набудааст. Вай аз Душанбе, аз сафари хидматӣ омадааст. Ҳама дар гирди дастархон ҷамъ, ҳама шоду хандон, касе аз касе хавфу ҳарос надорад, садои мусиқӣ меояд, садои тире нест...
Аккоси ногаҳони саг Хоҷамро ба худ овард. Баъд, мушаке осмони тираи сарҳадро ду дарид ва атрофро чун рўз равшан кард. Сабил монад, сарҳадбонон аз чизе пай бурдагӣ барин.
Паҳлў гашту оҳиста ба ҳамроҳонаш ишора кард, ки ҳушёр ва омода бошанд. Садои гуфтугўи чанд кас аранге ба гўш расид, садои бегона не, садои шинос. Худоро шукр, худӣ будаанд, лоақал дар ватани худ ба дасти бегонаҳо наафтӣ. Оҳ, чӣ қадар ширин аст оҳанги гуфтугўи тоҷикӣ! Ҳоло вай наметавонад, ки аз ҷо бархезаду фарёд занад: «Ҳой бародарони азиз! Ман ин ҷоям, шуморо ёд кардаам, зану бачаҳоямро пазмон шудаам, деҳаро пазмон шудаам, замини пахтаи Раҷаб–саркорро пазмон шудаам!»

пешина
аз 276
навбатӣ