Шоҳроҳи истиқлол

Дар хонаи худат барои моли ҳалоли худат ба қатл мерасӣ. Худоё, чӣ бадбахтие ба сари бандагон овардӣ, чӣ сириште дар вуҷуди онҳост?
Зарроб метавонад, ки дар фазо каргасҳои шумро тасвир кунад, дар пеш дарахтеро, ки шохаҳояш хушк шудаанду ҷамҷамаи ҳафтодсолаи инсонро ба хотир меорад.
Вақте ин мавзўъ ба хотираш зад, Зарроб дар ҷояш ларзид. Ба назараш чунин намуд, ки ҷамҷамаи беҷон ба сўяш меояду ба ҳоли ў механдад.
– Худоё, – гуфт ў худ ба худ, – даҳшат аст ин, даҳшат!
Ў худро рўи кати фарсудае, ки дар канори утоқ меистод, партофт.
Вақте ба худ омад, ҳаво торик шуда буд, хонаро танҳо чароғи саримизӣ равшан мекард. Зарроб хеста ба назди мизи кораш омад. Чашмаш ба ҳамон маҷаллае афтод, ки расми «Зуҳури Исо ба мардум» чоп шуда буд. Иддае аз одамон ба сўи пайғамбар менигаранд, қисме аз ў рў тофтаанд, ё тарс доранд, ки бингаранд, ҷозибаи пайғамбар онҳоро ба худ мекашад. Оё инҳо ҳамон одамоне нестанд, ки аз пайғамбар Исо рў тофта, сипас ба таълимоти Муҳаммади Расулулоллоҳ гаравидаанд. Агар ҳама уммати Исои Масеҳ мешуданд, чӣ мешуд? Ба назараш савол бе мантиқ намуд. Оё ҳама метавонанд уммати як пайғамбар бошанд? Оё як пайғамбар метавонад ҳамаро ба таълимоти худ фаро гирад? Ҳамаи мардум бандаи Худоянд. Иродаи ҳама ба дасти як пайғамбар нест.
Ҳамаи халқҳоро ба пеш ё қафо Парвардигори олам мебарад.
Чаро рассом ҳамаи онҳоеро, ки рў ба ҷониби пайғамбар наниҳодаанд, дар либоси мусулмонон кашидааст? Оё он вақт мусулмонӣ буд?
Зарроб худ ба худ ларзид. Эҳсоси шубҳа ва нобоварие дар вуҷуди хеш дид. Чаро ў дар хусуси расми «Зуҳури Исо ба мардум» фикр мекунад? Чаро ин расм дар рўи мизи кори ўст? Ин расм ба кори имрўзааш, ба ин шўру шарри даврон чӣ иртиботе дорад? Ё ў мехост ҷилои рангҳоро аз ин рассом биомўзад? Шафақи субҳ ҳама ҷоро равшан кардааст. Ғуборе аз рўи замин пароканда мешавад…
Ана, ҳамин шафақ ба асари ман намерасад. Оё ман метавонам, ки дамидани онро дар саросари Тоҷикистон тасвир кунам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо