Шоҳроҳи истиқлол

Юсуфҷон АҲМАДЗОДА
ДАР КЎЧАИ ГАДОЧАҲО
Нахуст…
Аз рахнаву равоқи дар…
Шикофаи калиддон…
Накҳати ҳазориспанд меояд…
Андаке талх…
Андаке тунд…
Аммо латиф…
Форам...
Бўи қўҳҳо…
Дараҳо…
Даштҳо…
Саҳроҳо…
Бўи деҳа мекунад…
Бўи дастони модарам…
Кафи обиласои падарам…
Саранҷом афсонаҳои кўдакиям…
Лаҳзае хумори деҳа мегирад…
Дилам гум мезанад...
Пасон…
Садои кўфтани дар…
Дар ҳавои соати мутаҳаррик:
«Тиқ–тиқ!..
Тиқ–тиқ!..»
Баъде ки иҷоза медиҳам...
Дар оҳиста кушуда мешавад.
Дар сари остона…
Боз ҳамон…
Гадоча!..
Як гадочаи ношуд. Кашидақад. Хушку хароб. Пироҳани чиркинаш поразада. Фароху доманкашол то зонувонаш.
Аммо чашмонаш…
Чашмони мешии барқвораш…
Пур аз виқор…
Овозаш низ…
Наҳифи зангўладор…
Ҳатто…
Пурасрор…
– Садақа радди бало…
Лаҳзае хомўш меистад:
– Дуди ҳазориспанд ба ҳазор дард даво…
Вай…
Ҳамчунон беҷуръату тарсон…
Гуруснаву ларзон…
Дами остонаи долон…
Долони васеи беодам, ки аксар…
Аз ҷидоли шаҳрвандӣ паҳну парешонанд...
Хомўш меистад…
Эҳ, балоча!..
Ҳанўз ҳам иззатталабӣ мекунад ин гадоча!..
Ман низ ба чи ваҷҳ дам фурў баставу ба андеша рафта...
Охир дилам сахт месўзад ба ҳолаш. Кўдакони замони ҷанг, бекасу кўй, бепарасторро ба ёд меорад ў. Саҳл аст ашке фурў резам аз риққат. Гадоча ҳам... ҳамчунон нигоҳҳои мармузу маъсумашро бар ман намуда, ангор, қалби маро мехоҳад аз қаъраш фарочанг занад, то таваҷҷўҳе бештару тараҳҳуме рештар бар вай ангезам. Ва ҳамоно қуттии сўрох– сўрохи тунукагиашро, ки бо чўбаке хушку ғурмдор дарҳам баста, дар як даст нигоҳ медорад, дами даҳонаш бозмеорад.
Дар он донае зуғол. Рўи зуғол муште аз ҳазориспанд, ки ҳамвора дуд мекунад. Дуде борик ва беҷон, ки рўи он ду лунҷаки берангу тунукашро дарҳам чида, дам ба дам бод медиҳад:
«Пуф–ф–ф!..»
«Пуф–ф–ф!..»
Дуд…
Дуди кабуд…
Ин бор…
Тундтару талхтар…
Форамтару латифтар…
Густардатар…
Фазои хонаро пур мекунад…
Боз ҳамон…
Бўи ҳазориспанд…
Бўи қўҳҳо…
Дараҳо…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо