Шоҳроҳи истиқлол

Даштҳо…
Саҳроҳо…
Бўи деҳа…
Бўи дастони модарам…
Кафи обиласои падарам…
Ниҳоят ба худ меоям!..
Бархоста аз бозувонаш медорам. Бозувонаш сусту дурушт. Заҳкашида. Сардие эҳсос мекунам. Дилам дубора месўзад ба ҳолаш ва ҳамоно меандешам, ки тирамоҳ агар чунин аст, пас… зимистонаш бадтар аз ин аст?! Кош, Худо раҳми ятимон ва беваю бечорагонро мехўрд?!. Охир… ин чӣ рўзгоре, ки бар сари мардуми бечора омада?!.
Ўро ҳамчунон дар курсии роҳат мехоҳам бинишонам, ки
ҳич намехоҳад. Магар море бар он печида, ки мехўсад. Ҳарчанд аз шукўҳу шаҳомати ин курсӣ дигар чизе намонда. Аммо замоне дар ин курсии кошӣ бо дабдабаву ифтихор нишастани сардабир, сарвари бонуфузтарин рўзномаи ҳизбиро медид, чӣ кор мекард, бечора?! Магар фарсахҳо мегурехту ҳич намеомад?! Шояд, ҳич намеомад!..
Он рўз…
Рўзи нахуст низ…
Ҳайрон…
Шигифтзада…
Гоҳ ин тараф…
Гоҳ он тараф…
Чашм вомедўхт…
Чашм вомеканд…
Қарор надошт чашмонаш…
Аммо қуттии ҳазорисфандаш…
Дуд мекард…
Дуде борик…
Беҷон…
Ки парвое надошт аз он.
Ҳамвора тамошо мекард…
Ангор, ки ҳич серие надошт.
Охир ин ҳама молу маноли ҳизби коммунист…
Ки баъди фурўпошии давлати Шўравӣ…
Дигар…
Чун як ҷиҳози мурда!..
Исқоти меросӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо