Шоҳроҳи истиқлол

Бар ин маҷлисгоҳи бузург овардаву партофта…
Ва маро бо маоше ночиз…
Масъулу нигаҳбони ин ҳама чиз карданд...
Чӣ илоҷ?!..
«Рўзгор оинаро мўҳтоҷи хокистар кунад!..»
Аммо ман…
Мутаваҷҷеҳи гадочаи ҳайратзада…
Ки саргарми тамошост ў…
Вай аз нимпайкараҳои хурду калони Ленин муддатҳо чашм намеканд, ки дар гўшае ниҳода буданд. Нимпайкараҳо гуна– гуна. Хурду бузург. Аз гаҷ, биринҷӣ. Гадоча шояд ҳамчунин пайкараҳои аҷибро дар ҳич куҷое надида , ки гарангу ҳайрон меистод. Ё вопасин дареғи доҳии бузургро маҳз ҳамин гадоча мехўрд, ки бечора… ниҳоят як оҳ кашида, рў ба гўшаи дигар овард. Ба гўшае, ки даста–даста байрақҳои сурхро танаи девор такя дода, аз шафату муқобили он рўи рафҳои пушт дар пушт даста–даста маҷаллаву рўзнома ва ҷилд–ҷилд асарҳои доҳиёни сохти коммунистиро болои ҳам парчин зада буданд. Акнун ин ҳама муқаддасоти як давлати бузургманиш дар чангу чанголи луоби тортанакҳо мағор баставу хору зор ба назар мерасиданд.
Гадоча ниҳоят чашмони ҳайратзадаашро рўи девори пурнақш, ка аз пушти сари ман буд, калонтар кушуд. Нақши девор ҳам ба чӣ истеъдоде нақш шуда?! Оре! Ба чӣ истеъдоде! Яккасурати Ленин! Ленин бо ҳамон кулоҳи лапардори сиёҳаш! Шиму костуми сиёҳаш! Як даст дар киса. Аз пушти ў майдони машҳури дунё: Майдони Сурх!..
Дар охир ба акси Сталин, ки дар як гўшаи миз, миёни чаҳорчўбае қадим меистод, чашм давонид, ки бо лаҳне нарм пурсидам:
–– Мешиносӣ?
Бо ҷид сар такон дод ва ҳамоно қуттии ҳазорисфандашро, ки дуде андак бар худ дошт, рўи фарш гузошт ва дароз кашида, дар ҳоле ки рў ба сақф овардаву овозаш меларзид, гуфт:
– Бобоям гоҳо… ҳамин тавр… дар хобаш садо мезад:
«Рафиқо, марг ба фашистон!! Ба пеш!! Барои ватан, барои Сталини ҷонаҷон!!.»
Баъде ки бархост, ғуссаолуд афзуд:
– Таҳи болишаш буд фақат ҳамин… акси Сталин!..
Ман низ гўё ҳамдаму ҳамрозе ба худ ёфта бошам, даст ба шонаи гадоча ниҳода, бо оҳанги дилҷўёнае гуфтам:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо