Шоҳроҳи истиқлол

– Падари ман ҳам… ҳамин аксро дошт… Таҳи болишаш мегузошт то он ки бимурд, бечора.
Бо афсўсе илова кардам:
– Дигар чӣ монд аз он шукўҳу шаҳомат… дабдабаҳои як империяи соҳибқирон, ки дунёро меларзонид!..
Лаҳзае китф дарҳам кашида, худ ба худ шарҳ додам:
– Ҳичӣ намонд?!. Оре ҳичӣ?!.
Гадоча ҳанўз ҳам чизе намефаҳмид, ки шадидтар афзудам:
– Дареғи он ҳама хунҳои падарон! Охир… барои кӣ?.. Барои чӣ рехта шуданд?!. Вақте ки баъди ҳафтод сол ҳамаро пора–пораву несту нобуд мекардаанд?!. А?! Барои кӣ?!. Барои чӣ?!.
Гадоча ниҳоят сар такон дод:
– Айби худашон…
Бо ин ҳарф чашмонамро калонтар кушуд:
– Худашон сохтанд, худашон сўхтанд!..
Лаҳзае мот шудам...
Мабҳут шудам...
Карахт шудам…
Ва дар худ…
Маҳдуд шудам…
Маҳдуд!..
Хомўш!..
Охир мегўяд ў, рост!!. Чӣ сода мардуме будаанд онҳо!!. Бо он ҳама ангораҳо бовар доштанд, бовар!!. Аммо на ба Худо!!.
Балки ба ҳизби коммунист!!.
Ба ояндаи дурахшон!!.
Яъне…
Коммунизм!!
Коммунизми олӣ!
Оҳ!..
Магар мисли ҳамин гадочаи чиркинак фаросате надошта буданд магар?!. Надошта буданд?!.Ҳай, дареғи хунҳо!!.
Ҳай, дареғи ҳазор ҳазору миллионҳо!!.
Куштаҳо…
Ҷон ба хун шустаҳо…
Миллионҳо!!.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо