Шоҳроҳи истиқлол

Миллионҳо!!.
Ҳанўз ҳам моту мабҳути ў дар замирам наҷво мезадам, ки ин маҳмаддонои фалокатзада аз кадом минтақаи даргир бошад? Аз кадом ?! Эҳ, агар ин гадоча ҳоло мактаб мехонду муаллим медошт, дунёро ба ҳайрат мегузошт. Ҳароина, аз Душанбе на. Албатта, фирор кардаву омада, бечора. Айни ҳол ҷуз Душанбе атрофу акнофро васвасаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба гирдоби худ кашида буд. Пайкори ҳақиқӣ мерафт. Ҳамсоя ба ҳамсоя, хеш бо хешу падар бо писар рўёрўи ҳам сангар гирифта хун мерехтанд. Хуни ноҳақ!.. Шаҳр вақтҳои ахир пур аз гадозанҳою гадочаҳо ва мардуми гуреза буд. Болои ин орд набуд. Рўған набуд…
Ҳамаро қаҳатӣ задаву қиматӣ буд…
Дигар шармзада ҳар чи ба забон меомад, мегуфтам:
– Аз куҷо мешӣ?
– Вахш.
– Падару модар дорӣ?
Бо садое хаста ҷавоб дод:
– Куштанд… ҳамроҳи ду бародарам…
– Барои чӣ?!.
Гадоча китф дарҳам кашид:
– Барои ҳичӣ…
Аз ин суоли ноҷо дубора дасту по хўрда, худ ба худ ғур– ғур мекардам:
– Намедонам, ба чӣ ваҷҳ ҷанг мекунанд?! Даст ба қатли ҳам мезананд?! Месўзанд!.. Ғорат мекунанд!.. Ба чӣ ваҷҳ?!.
Ин ҳарфҳо низ дархури ҳол набуданд, ки дигар хомўш пушти мизи худ нишастам. Бастаи хўрдание, ки ҳамроҳ оварда будам, аз гўшаи миз наздиктар кашидам. Пеши худ густардам, ки гадоча ҳанўз ҳам ором меистод. Чашм аз рўи миз намеканд. Дар ҳоле ки гулўяш қулт мезад, гуфтам:
– Сахт гуруснаӣ–а?
Посухе намедод, ки дар пиёла чой рехта, даъват кардам:
– Чаро истодаӣ, биё!
Бе он ки ҳамоно ояду рўи миз фурў ғалтад, якта–якта по монда, ором–ором наздик шуд. Аз рў ба рўи ман нишаст. Донае шалғаму боқило ва пораи нони сиёҳро пешаш гузоштам:
– Бихўр, шарм макун…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо