Шоҳроҳи истиқлол

Ҳамвора сурх мешуд. Аммо нигоҳ намекард. На ба ман, на ба хўрданиҳо. Балки чашм аз тиреза намеканд. Мутаваҷҷеҳи кўча буд. Ангор касеро меҷуст…
Дубора хоҳиш кардам:
– Чизе намехўрӣ?
Бо садои ларзон гуфт:
– Серам…
Бархостаму чӣ гуна фарёд задам, намедонам:
– Агар серӣ, садақа чаро металабӣ?!.
Бо қаҳр посух дод:
– Ин ҳама… барои қоида…
– Пас… ин ҳама… барои чӣ?!
Лаҳзае гунг, карахт сар такон дода, сўи қуттии исфандаш, ки рўи фарш ҳанўз ҳам дуди кабудчатоби беҳол мекард, ишора фармудам. Вай ҳам ба сўи қуттии исфандаш лаҳзае мутаваҷҷеҳ шуду заҳрхандае кард:
– Ин ҳама… барои савоб...
Инак пеши як гадочаи фисин аз хиҷолат дам ба дарун гирифта, ба ҷои узр наҳории густаридаро дубора бастам ва ба дасташ додам:
– Бигир… барои савоб…
Ҷиддию хиҷолатзада то остона гуселаш кардам. Бидуни ихтиёр дами тиреза омада, ғарқи хаёл чашм ба мардуми кўча медўхтам. Мардуми на он қадар бисёре маҳзуну хамўш пиёда дар равуой буданд, ки кори нақлиёти шаҳр ҳам мисли дастгоҳи ҳукумат ба тамом фалаҷ шуда буд. Фалаҷ…
Яке буд, ки гадоча…
Хориҷ аз бино сўи истгоҳ шитоб мекард. Ба як даст қуттии исфанд, ба як даст бастаи хўрок. Бо ҳамчунон аҷала ва шавқе аҷиб пеши гадочаи дигар омад, ки кўчактар аз ў буд. Канори истгоҳ меистод. Дар даст ҳамчунин қуттие дошт, ки ба ҷуз муште зуғол чизе набуд. Ҳар ду ба ҳам чизе бигуфтанду зуд биншастанд. Исфандқуттиҳоро дар канор ниҳода, бастаро рўи хасу хок густарданд. Ҳамчунон фурў афтоданд, ки лаҳзае пас дар баста чизе намонд. Дигар охирин резаҳоро аз бари домону хасу хок чун мурғакони ҷонҳалок чида–чида, ба даҳон бурда ва ниҳоят ангуштҳоро як–як лесида–лесида, бархостанд.
Баъзе аз раҳгузарон ба ҳоли онҳо механдиданд, баъзе бо таассуф сар такон дода, гиребони худ медоштанд. Баъзе лаҳзае бозистода мерафтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо