Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аммо онҳоро ба атроф парвое набуд, ки набуд…
Ҳафтае пас…
Боз ҳамон……
Бўи ҳазориспанд…
Бўи қўҳҳо…
Дараҳо…
Даштҳо…
Бўи деҳа…
Бўи дастони модарам…
Кафи обиласои падарам…
Боз ҳамон…
Садои кўфтани дар…
Дар ҳавои соати мутаҳаррик:
«Тиқ–тиқ!..
Тиқ–тиқ!..»
Дар сари остона…
Боз ҳамон…
Гадоча!..
– Садақа радди бало…
– Ҳо, омадӣ? Биё, биё!..
Боз ҳамон бастаро, ки ба ҷиҳати ношитоӣ меовардам, ба ў додам. Гуселаш кардам ва ҳамоно дами тиреза омада, беирода мутаваҷҷеҳи берун шудам. Вай ҳамчунон шитобзада боз пеши ҳамон гадоча, ки ин бор ҳамроҳи як гадочаи дигари дар қаду бар баробари ў буду танҳо дар танаш боронии сиёҳи кўҳна ва чанд ҷояш даридаи аз худаш дарозтаре дошт, омад. Лаҳзае миёни худ чизе гуфтанд, ки гадоча рўй ба тирезае овард. Чун маро дид, бесаранҷом шуд. Чизе гуфт, ки дар як он пароканда шуданд ҳамчунон ки касе аз паси онҳо таъқиб мекарда бошад…
Дигар ҳафтае пас омад, ки гуфтам:
– Дер кардӣ, ки субҳона меовардам…
Ҳамчунон сурху сапед шуда, бо оҳанге қавӣ гуфт:
– Нахостам, ки бисёр ташвиш диҳам…
– Чӣ ҷои ташвиш?! Ин рўзҳо ҳам мегузаранд…
– Ташаккур. Дигар… ҳафтае як бор меоям…
Ва зуд бастаи хўрданиҳоро гирифта, афзуд:
– Исфанддуд мекунам шуморо…
Лабханд задам:
– Аз барои савоб…

пешина
аз 276
навбатӣ