Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ гадоча ҳафтае як бор меомад. Ба қавли худаш исфанддуд мекард ва он чи аз хўрданӣ буд, мебурд…
Боре гадочаи дигаре пайдо шуд. Хурдтар аз онҳо. Зарду заиф. Танҳо. Бе қуттию исфанд. Рўзи нахуст дарро кушодан ҳамоно гуфт:
– Гуруснаам, амакҷон…
То нону чой мехўрд, борҳо аз ҳуш мерафт, ки чашмонаш беҷову боло мешуд. Бечора, аз гуруснагӣ базўр мепоид, ки раҳм кардаму риққат оварда, гуфтам:
– Гушна ки шудӣ, биё.
Гоҳо ҳар рўз меомад. Гоҳо ду рўз пас. Порае нон ё донае себ медодаму мерафт. Гоҳо ҳамроҳ таҳтўл мекардем, ки боре гадоча омад. Моро сари миз диду рангу рў бохт. Сурх шуд.
Ҷуз муште тутмавиз чизе набуд, ки додам. Бо диле нохоҳам гирифт ва гадочаро бо қаҳр таҳдид кард:
– Дигар омадӣ, мурдӣ!..
Бечора, ҳафтае зиёд бедарак шуд.
Чоштҳангом буд, ки бозомад. Ҳамчунон харобу заиф.
Сахт гурусна. Нону чой хўрдем. Вақти рафтанаш хоҳиш кард:
– Омадани маро… ба вай… нагўед…
Рўзи дигар пиёда ба кор меомадам. Бо азобе роҳ мегаштам, ки шаб барфе баланд борида буд. Чунин барфу ҳавои сардро хеле солҳо надида будам. Худ ба худ раҳму шафқате ба гадоҳои кўча меовардам, ки фаросўи роҳ чанд раҳгузаре дидам. Аз ҳар сў гирд омадаву сар такон медоданд ва афсўс мехўрданд. Чун наздашон рафтаму воқифи ҳол шудам, ҳуш аз сарам парид…
Гадоча ғарқоби хун!
Мурда!..
Марди салладоре дар ҷомааш печонида, мегуфт:
– Дар масҷид ҷанозааш мекунем…
Чанд рўзе бар ин даҳшат дар худ набудам, ки яке бўи исфанд омад. Чун тир худро берун задам, ки гадочаи қотил аз дами остонаи долон меомад. Фарёде ваҳшиёна кашидам:
– Ай кўрнамак!!. Қотили ў… туӣ, ту!!.
Гадоча исфандқуттиашро партофту фирор кард…
Даҳ–дувоздаҳ соли дароз надидам ўро…
Вақте ки Душанберо низ ҷанги шаҳрвандӣ дар оташу хун кашид, дигар дилам аз кору хона монд. Ба зодгоҳам рафтам.

пешина
аз 276
навбатӣ