Шоҳроҳи истиқлол

Боғи ангурро, ки дастранҷи падарам буд, сабз карда, ҳар сол ҳосилашро ҳамроҳи ҳамсояҳо ба Руссия мебурдам.Мефурўхтам.
Боре як вагон ангурро ба кишвари Сибир бурдем. Чанд тан аз ҳамшаҳр омада савдо карданд. Вагонро шабона ба куҷое бурда, гуфтанд, ки пулашро субҳҳангом меоранд. Ҳафтаи дароз ҳама интизорашон будем, ки яке аз шинос гуфт:
– Ҳанўз вақт аст, ки пеши фалонӣ равем.
Дигаре гуфт:
– Хонааш намедонем. Ту медонӣ?
Бо итминон посух дод:
– Дар кўчаи гадочаҳо…
Ҳайрон шудам. Аммо чизе нагуфтам.
Чошт ба роҳ афтодем. Субҳҳангом канори Байкал, шафати ҷангале анбўҳ ба дами дарвозаи баланду бошукўҳ, ки миёни чанд иморати боҳашаму хушсохте буд, аз «Мерседес»
фуруд омадем. Моро ҳамоно хидматгори ҷорўббадасти тоҷик пазиро шуд. Роҳбалад чи ишоре фармуд, ки боздаромад. Ҳамроҳи як ҷавони тануманди хушбархўрд берун омад.
Чеҳрааш шинос буд. Чун маро дид, шодона оғўш кушуд:
– Маро нашнохтед?
Бо лабханде шармолуд илова намуд:
– Охир… ман ҳамон гадочае, ки ҳамеша дар истгоҳ… итизори нону намаки шумо будам…
Оғўш гирифта, ашк рехтам. Гадочаро ёд кардам, ки гуфт:
– Ҳоло наздаш меравем…
Рўи ҳавлии васеъю барҳаво, канори ҳавзи шиноварӣ, ки бар ҳар радаи он фаввораҳои фаровон ва рангобаранге буд, ки мошинҳои гароннархи хориҷӣ қатор меистод. Ронандаҳо низ ҳама тоҷик буданд. Ду даст ба бар меистоданд, ки ҷавон моро аз миёни онҳо ба кунҷи рости ҳавлӣ, ба яке аз дарҳои нақшини дудтабақае даровард. Толоре бузург буд, ки чанд тан аз ҷавони қавибозу машғули варзиш буданд. Онҳо низ роҳ додаву пазиро шуданд. Мо ҳамчунон толорро убур карда ба ҳуҷрае на он қадар бузург, аммо хушҷиҳозу ором ворид шудем. Он низ ҳавзе дошт бо чанд фавворае мунаққаш, ки обҳое рангорангаш наҳиф фурў мерехтанд. Дар канортари ҳавз рўи кати малофадори сапед зани фохтачеҳрае масҳ мекард, онро ки фурў хобида буд.Ҷавон чолок назди ҳамон фурўхобида рафт ва фаротари гўшаш наҷво зад, ки якбора боло шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо