Шоҳроҳи истиқлол

Вай ҷавоне буд зебо ва қавиҳайкал, ки нахуст пеши ман омад. Гарм оғўш кашид. Сахт бигрист. Ман низ шинохтам ва баробараш гиристам. Ҳар ду хеле ашкҳо рехтем. Пасон, рўй ба ҷавон оварду фарёд кашид:
– Ин кори ҳамон–н?!.
Ҷавон сар такон дод, ки фармуд:
– Агар ба узр наояду... амонати инҳо наорад!..
– Фаҳмо шеф!
Ҷавон ҳамоно пушти худ гашт ва ҳамчунон хориҷ шуд.
Субҳдамон онҳое, ки ваъдаву вафо карда буданд, узрҳо оварданд ва як даста пул доданд. Дигар моро моҳе тамом ба сайду сайр мебурданду дар меҳмонхонаҳои боҳашам зиёфат ороста, дар гуселамон ҳамеша таъхир мекарданд. Бо ҳазор хосту хоҳиш ниҳоят иҷоза доданд. Аммо гадочаро ҷуз он рўз дигар ҳич надидам. Ва низ напурсидам. Чун аз гиряҳояш, ки мамлўи узру афсўс ва пур аз гуноҳ буд, дарк карда будам.
Дигар чӣ илоҷ, ки кори ҷанг ҷуз дареғ хўрдану куштан чизе нест, ки нест?!.
Танҳо аҷиб он буд, ки субҳдамон ҳамон ҷавоне, ки моро нахуст пазиро шуда буд, дар қуттии ҳамчунон тунукагии сурох–сўрохе рўи муште зуғол исфанддуд мекард:
– Садақа радди бало…
Ва лабханд мезад:
– Дуди исфанд ба ҳазор дард даво...
Боз ҳамон……
Бўи қўҳҳо…
Дараҳо…
Даштҳо…
Саҳроҳо …
Бўи дастони модарам…
Кафи обиласои падарам…
Дар мўҳтаво…
Бўи Ватанам…
Тоҷикистонам…
Кишвари ҳазорасра…
Хонае аз хуну хокистари ман…
Ба ҳазор дарду бало…
Ҳазорисфанди даво!..
Ҳазорисфанди даво!!.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо