Шоҳроҳи истиқлол

Марямбонуи ФАРҒОНӢ
НОЛАИ ШОНАСАРАК
Вай ҳеҷ гоҳ тобистонро чун имсола интизор нашуда буд.
Ҳоло баҳор аст. Пас аз фасли гул тобистон мерасад. Дар оғози тобистон тут мепазад. Тутпаз барои мардуми камбизоат фасли раҳоӣ аз маргу мир аст. Вале духтарак ин фасли деррасро танҳо барои серии шикам интизорӣ намекашад.
Тутпаз ба ў шодиву сурур бояд биёрад. Оре, шодиву сурур.
Он гаҳ ашки чашмони шаҳлояш хушк хоҳад шуд, дар лабонаш табассум гул хоҳад кард. Ва бешак он гаҳ тамоми дунё бедарду доғ хоҳад гашт.
Духтарак ба боғ баромад. Ин боғи беҳадду ҳудуд ҳамонест, ки замоне модаркалон дар хонаяки пасту танги иҷораашон ба набера таъриф мекард. Таъриф мекарду бо ҳасрат чашмаш об мегирифт. Тавораи каҷу килеби ин боғ ба чашм намерасад. Зеро дарахтони анбўҳи себу зардолу, ноку биҳӣ, анҷиру анор ва анвои тут шиғдеворҳоро аз назар дур медоранд. Духтарак аз кисачаи камзўлаш оиначаи гирдаро бароварда, ба чеҳраи коҳидаи хеш назар меандозаду як оҳи бадард мекашад ва чашм аз рухсораи худ барканда, аз пушти акси хеш ба манзараи беохир нигоҳ мекунад. Чӣ дилфиреб аст ин манзара! Бале, дилу дидаро мефиребад акси ин боғ, ҳамчунон ки афсонаву хобу хаёл аз воқеият ширинтаранд.
Вагарна худи ин дарахтзор ба ин андоза дилкаш нест.
Умеду интизорист, ки қалби орзупарвар афсона мебофад.
Ў дар кўдакӣ орзу мекард: «Чӣ мешуд, агар оилаи онҳо ба ҷойҳои дури дур кўч бандад… Аз кўчаҳои каҷу килеб, аз ин кулбаҳои пасту баҳам часпидаи маҳаллаи Кўҳдоман, ки мардумаш худро ҳатто «шаҳрӣ» медонанд, дур бираванд…»
Маркази шаҳр, хонаҳои бисёрошёна ё порку боғҳои фароғатиро ҳавас намекард духтарак. Зеро ҳар сари чанд – рўзҳои иду ҷашн падару модараш ўву бародаронашро либосҳои озода пўшонида ба хиёбони марказӣ тамошо мебурданд. Духтарак чунин рўзҳо худро озод эҳсос намекард: нигоҳашро аз кўдакони луфтаквор ороста, ки аксаран кабудчашму малламўй буданд, мегурезонид. Охир, бештар вақт духтарчаҳои фариштасурат, ки пираҳанҳои ҳариру сафеди серчину парпарадорашон онҳоро аҷаб афсонавӣ менамуд, забончаашонро бароварда ўро мазоҳ мекарданд, ё биничаашонро, ки бе ин ҳам сарболо буд, баландтар бардошта ба вай беэътиноӣ менамуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо