Шоҳроҳи истиқлол

Дар чунин лаҳзаҳо духтарак куртачаҳои сабуку хушдўхти онҳоро ба пўшоки хеш – куртаи дарозу фарохи сергул, камзўлчаи сиёҳ, поҷомаи зеҳдори урфӣ муқоиса мекард. Фиттаи мўйҳои тилоранги фариштасуратон ҳамранги пироҳанҳояшон мебуд. Ин мўйбандҳо ба мисли шоҳпаракҳо гўё дар сари гулбаргҳои хушрў пар–пар мезаданд. Ў аз сари орзуву хаёл беихтиёр ба кокулони кўтоҳи хеш, ки бибиаш боҳавсала ҷамолак бофтаву ба нўгашон пилта тофта мемонд, даст мезад. Духтарак ҳеҷ дар хотир надошт, ки волидайн ба дасташ даста–даста пуфакҳои парон ё байрақчаҳо дода, ўро дар сари китф шинонида, дар сафи мардуми озодалибос аз идгоҳ гузаронида бошанду вай даст ба сўйи ҳайкали доҳӣ ё одамони расмии минбарнишин афшонида, дар ҷавоби «Зинда бод!»–гўйиҳо нидои «Урра!» сар дода бошад. Шояд падару модар барои чунин корҳо вақт надоштанду харидани байрақу пуфакҳоро сарфи беҳуда медонистанд? Ва ё он мардуми саф андар сафу кўдакони фариштасураташон аз қавму тоифаи хосе буданд, ки зодмандони ўро дар бари онҳо роҳ набуд? Шояд…
Ин духтарбача ҳанўз мактабхон набуд ва рўзу шабаш андар ин кулбаи намкашидаву кўчаҳои каҷу килеб мегузашт.
Ин кўйи бенавоён ба ном кўча буд. Дар асл обпартоеро мемонд, ки аз обмўриҳо ба он мағзобаву хунукшўйи бадбўй мешорид. Дигар бачагони ин мавзеи нообод низ ҳамранги ин духтарчаву бародарони вай буданд. Бибии падариаш, ки тирамоҳи гузашта ба аёдати онҳо омадаву дигар илоҷи бозгаштан ба деҳа намеёфт, пайваста ғур–ғур мекард:
– Ҳамин ҳам хонаву дар шуд? Дар ин ҳелча сага баста монӣ, намеистад. Боз кош ин катаки мурғ аз они худат бошад. Ҷой қаҳт задагӣ барин аз миёни шаҳр нею аз сари адир хона гуфта сагхоная иҷора гирифтанаша бин. Хара шинохтагеш – шўра. О, зану шў кор мекунед, наход, ақаллан талош карда аз ҷойи кор хобгоҳе гирифта натавонед?! Ношуд, ки шудӣ, рўзат ба ҳамин оғилхона мемонад. «Шаҳр мерем… Шаҳр мерем…» Мана дидам шаҳри таърифитона…
Набера ба ғур–ғуру нолишҳои модаркалон гўш медоду фикр мекард, ки шояд бибиву бобо дар русто соҳиби манзили бошукўҳе бошанд, хонаҳои боҳашам, боғу бўстон…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо