Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Бибиҷон, қишлоқ нағзи нағз аст?
– Набошад–чӣ. Ун ҷо бандчаи пиёзу кашнизро пул дода намехарӣ, ширу ҷурғот фаровон, меваю чева дар таги дарахтҳо резу чош. Себу нока сагу пишак намехўрад.
– Саги Сокинаино ҳам себу нок намехўрад, фақат нону ҳасиб мехўрад. Пишаки мо ҳам мева намехўрад, муш мехўрад.
Модаркалон ба гапи наберааш эътибор надода, боз гўё ба худ мегўяд:
– Одам, ки нону намаки бедардимиёни шаҳра чашид, дигар ҳавои дашту даману боғу роғаш намефоридааст. Дар деҳа касе нони муфт намедиҳад, меҳнат кардан даркор, ҳа, меҳнат!
– Дар ин ҷо ҳам одамон кор мекунанд. Додоям коргари заводи хишт. Очаам кўчарўб…
– Эъ бас, тирмизак! Чӣ, дар деҳа падарат лой хобонда, хишт рехта наметавонист? Ҳамин шабу рўз айни ғунучини мева. Боғи бобоят як сар куҷову як нўг куҷо… Очаи ту бошад, ин ҷо таги пойи мардума мерўбад. Беномусҳо… Аз вуҷудатон бўйи мағзобаву туршоба меояд. Э, Худо–е, кай ба хонаи худам бармегардам? Кай дар боғу роғам ҷавлон мезанам?...
Набера боғу роғи модаркалонро тасаввур мекунад: ба мисли порки марказӣ сояву сардгин, ҳама ҷо гулзор, сарҳавзаш фаввора дорад. Ва кўдакони хушлибос шоҳпараквор аз гуле ба гуле даст мезананд, бо ҳаёҳуй дар арғунчак бод мераванд, резаборони фаввора ба ҳафт ранг метобад.
– Бибиҷон, мана қишлоқ баред.
– Худо хоҳад, мебарам.
– Кай ба роҳ мебароем?
– Кош болу пар мебаровардаму ҳамин ҳозир ба парвоз меомадам.
Тирамоҳи ҳамон сол падари духтарак бибиро ба деҳа бурд. Модаркалон мехост набераашро ҳамроҳ гирад, аммо модар розӣ нашуд.
– Не,– гуфт ў,– имсол ҷони оча ба мактаб меравад.
– Дар деҳа ҳам мактаб ҳаст,– гуфт бибӣ.
– Агар мактаби он ҷо мактаб мебуд, писаратон хиштпазу ман ҷорўбкаш намешудам. Ман ба ҳама азоби шаҳр тоб мебиёраму бачаҳома хононда одам мекунам.

пешина
аз 276
навбатӣ