Шоҳроҳи истиқлол

Ва модаркалон рафт. Духтарча оҳи сарде кашиду ба хонаи пурнаму зах даромад. Ў рў ба девор дароз кашиду оби дида рехт.
Ҳаёти якранг идома меёфт. Аввалҳо модар ҳар субҳ ҷорўби дарозро ба сари китф гирифта, ҳамроҳи фарзанди калонӣ ба кор мерафт. Акнун писари дуюмашро ҳам бо худ мегирифт. Охир, вай ҳам калонак шудааст. Он рўз ҳам, аз афти кор, онҳо саҳари барвақт баромада рафта буданд. Падар, ки аз басти сеюми кор навакак баргашта буд, ба паҳлўи духтараш дароз кашид. Фарзанди дўстрўяки падар чунон ширин мехуспид, ки …
Духтарбача хоб дид. Хоб дид, ки рўзи иди бузург аст.
Ўро, ки луфтаквор оро ёфтааст, падар сари китфони васеаш гирифтаву ҳамроҳи мардуми хушлибос дар майдони марказӣ роҳ мепаймояд. Падар аз ҳад зиёд шод аст. Духтарак ўро ягон вақт ин гуна кушодачеҳраву хандонрў надидааст. Вай дар тан куртаи сап–сафед дорад, галстуки сиёҳи ҳамранги пиҷакаш чунон зебидааст, ки!... Мўйҳои сиёҳи ҷилодораш шона задагӣ…
Аз минбар касе бо нидои «Шод бош!» издиҳомро ба ҷашн табрик мегўяд. Падару духтар дар баробари дигарон ҷониби минбариён даст афшонда «Урра–а–а!!!» мегўяд. Ба ҳаво як не, даҳ не, сад не, балки ҳазорон пуфакҳои рангаро сар медиҳанд. Ва пуфакҳо баланди баланд мепаранд. «Гум!!!
Гум!!! Қарс!!! Қарс!!!» Ин садои пасу пеш таркидани мушакҳои рангаи ороишии ҷашнист, ё пуфакҳои парвозӣ дар ҳаво кафидан доранд? Ин лаҳза қандили чарх хомўш мешавад ва осмон шароразор мегардад.
– Салют!– дод мезанад кўдак,– Салют!!! Урра! Аскарон мушак сар медиҳанд! Мушакҳои ранга сар медиҳанд.Урра!!!
Салют!!!...
– Хез, духтарам, хез, ҷони додо!
Духтарча сар аз болин бардошта, худро дар хонаи пурзаҳу мағор дарёфт.
– Тез бош, камзўлчаат ку? Ҷўробакат–чӣ?
Духтарак меранҷад. Охир, аз чӣ падар намемонад, ки ў ақаллан дар хоб лаззати иди айёмро бичашад? Чӣ хоби зебое буд!
– Хез, чӣ хамёза кашида мешинӣ?
– Ба мактаб меравем? Ҳолӣ барвақт нест?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо