Шоҳроҳи истиқлол

– Мактаб чӣ? Ҷанг сар шуд, ҷони додо…
– Ҷанг? Чӣ хел ҷанг? Мисли кино? Фашистон ҳуҷум карданд?
– Гўш кун, духтарам. Беист мепаронанд. Хаёлам, дар назди бинои ҳукумат парон–парон сар шуд. Модарату акоҳоят… Охир онҳо хиёбони марказиро мерўбанд–ку… Туро ба хонаи ҳамсоя мемонаму худам пеши онҳо метозам, боз ягон фалокате нашавад, мегўям…
Дўшиза ба дарахти тути сершоху панҷа баумед менигарад: «Кош тезтар тут пазад…» Вай дар ин хона, дар ин боғу роғи беҳудуд худро бегона меҳисобад. Амаку янгааш, амакбачаву амакдухтаронаш ҳама ба ў бо нигоҳи аҷиб менигаранд, гўё чўҷаяки мурғобие дар катаки мурғони хонагӣ бошад. «Мурғи бегона»,– аз дил гузаронид духтарак ва хориаш омад. Гиристу гирист. Кош бо як чашм пўшида кушодан худро дар ҳамон кулбаяки пурзаҳи кўҳдоманӣ дарёбад, ки модаркалон бо кароҳат гоҳ катаки мурғу гоҳ ҳелчаи саг ё оғилаш мегуфт. Бигзор, бо падару модар, бо бародаронаш дар ҳамон кулбаи вайрона бошад, ки аз обмўриаш оби зулол не, мағзобаву туршоба мерехт...
Ва аз он айёми тифлӣ солҳо гузашт. Кокулони нимваҷабаи духтар то лаби домон расид. На модар дар ҳаёт асту на модаркалон. Ҳанўз пас аз чили модар бародари хурдиаш ҳам аз домана талаф ёфт. Падар солҳост, ки мардикори мулки бегона. Бародари ягонааш, ки аллакай пушти лабонаш хатти навҷавонӣ майса зада, аз пайи ҷустуҷўйи падар мусофират ихтиёр кард. Ў пеш аз он ки муҳоҷир шавад, хоҳарашро ба деҳа овард.
– Кай бармегардӣ, акоҷон?– оби дида мерехт хоҳар.
– Базудӣ. Пас аз чанд моҳ.
– …?
Бародар нигоҳашро аз чашмони кони саволи хоҳаракаш, ки бо модар себи дукафон аст, мегурезонид. Чӣ ҷавоб диҳад, охир? Кай бармегардад, худаш намедонад. Аслан, куҷо меравад, инро ҳам намедонад. Падар дар кадом гўшаи он кишвари беҳадду ҳудуд бошад? Сиҳат бошад? Оё дида ба дидор мерасад?
– Мегўм, пас аз чанд моҳ гуфтанат чӣ маънӣ дорад? Ту дақиқ гўй.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо