Шоҳроҳи истиқлол

Бародар аз ҷавоб мегурехт, аз афти кор, ки аз шохаи тути балхӣ гули «гўшворак»–ро канда ба баногўши хоҳар наздик оварда мегуфт:
– Ваҳ, гўшҳои духтари калони катта ҳанўз шикоф надорад. Оиначаатро гирифта бин, ба ту гўшвор чӣ қадар мезебад. То омадани ман гўшҳоятро сўрох кунон, ман аз сафар бароят гўшворе меорам, ки шабеҳи шаҳтут бошад. Хуб?
Хоҳар бо овози ларзон мегуфт:
– Ба ман гўшвор даркор нест. Ту додома ёву тез гирифта биё.
– Албатта, хоҳарҷон.
– Кай мебиёйӣ?
– Вақти тутпаз. Интизор шав. Тутпазро интизор шав, ширини акош.
– Баъд ба шаҳр бармегардем?
– Албатта, бармегардем. Ту боз ба мактаб меравӣ. Ман додома дигар заҳмат кашидан намемонам. Худам ҳам мехонаму ҳам кор мекунам. Мо хонда одам мешавем.
Аз миён чанд сол гузашт. Чанд мавсими тутпаз паси сар шуд. Чанд тобистону чанд тирамоҳ, чанд зимистону чанд баҳор…
Ғўраҳои тути балхӣ сафед шудан доранд – мавсими тутпаз мерасад. Духтарак беист ба боғи бобоӣ мебарояд, ки модаркалони раҳматӣ бисёр дўст медошт. Бо умед ба шохсорони тути марворидак чашм меандозад ва аз киса оинача мебарораду бо орзуҳои ширин ба гўшаи номаълуме, ки аз тариқи оина бисёр зебо менамояд, чашм медўзад.
– Ба куҷо назар меандозӣ, духтари шаҳрӣ?– бо тамасхур савол медиҳад зани амакаш.
– Ба оянда,– ҷавоб медиҳад духтараки софдил бо содафеълӣ.
– Ба ломакон гўй.
Духтарак ба гапи он зани сиёҳдил эътибор намедиҳад.
Чашмонаш роҳ мебинанд.
– Ҳуд–ҳуд! Ҳуд–ҳуд!
Духтарак гўё ҳушёр мешавад ва ду кафи дастро карнайвор ба ҳам меорад.
– Тут пухт! Тут пухт!– ба мурғи пўпишак ҳамовоз мешаваду ба боғоти дигар метозад.
– Ҳуд–ҳуд! Ҳуд–ҳуд!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо