Шоҳроҳи истиқлол

– Тут пухт! Тут пухт!
– Оча, боз «тутпухт» омад.
– Корат набошад, Шонасарак ба сони мурғаки беозор.
Хафа накун.
Ба вай касе кордор намешавад. Ва ў аз боғе ба боғе меравад. Ҳар боғ албатта чанд навъи тут дорад: марворидак, понғозӣ, сафедак, бедона, мавизак, балхӣ, ҷиртут, шаҳтут…
Шонасарак ба парвоз меояд ва аз мавсими тутпаз мардуми раҳинтизорро дарак медиҳад:
– Тут пухт! Тут пухт!!
Кўдакон ба шохаҳои туте мечаспанд, ки мевааш расида бошад. Чӣ маззаи гуворо дорад меваи тару тозаи тут! Модарон ба зери тутҳои ҳил–ҳил чодир меандозанд. «Шукр, то тутпаз расидем»,– мегўянд онҳо. Ба кулчаи рўйи кўдакон ранг медарояд, навдаи қоматашон шира мегирад. Аз субҳи солеҳон то намози шом мардуми деҳ дар боғот ҷунбуҷул мекунанд. Рўйи бомҳо аллакай тут мавиз мегардад. Дегҳои доши ширинӣ дар ҷўшанд. «Ширинӣ дар сармои кўҳистон давои сад дард аст, барои ҳалвои сурхак масолеҳи зарурист»,– таълим медиҳанд модарон духтарони хешро. Кадбонувони боҳунар фарзандакони коргурезро ба дастёрӣ маҷбур месозанд. Бояд аз тути хушк поплангу тутпис омода кард: тутписи шалпӣ, тутписи манур…
Ҳама машғули кору бори хешанд. Касеро ба тақдири минбаъдаи Шонасарак парвое нест. Мардуми деҳ дар талоши ёфтани қути лоямуте ҷон мекананд. Гоҳ аз боғу гоҳ аз роғ садои дилнишини Шонасарак ба гўш мерасад.
– Ҳуд–ҳуд! Тут пухт!
Ин нидо оҳанги интизорӣ мекунад, бўйи умед меоварад.
15.04.05.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо