Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ШАМСИЯ

Шамсия ягона навқалами баъди истиқлоли ватан буд, ки эҷодиёташ ҷоизаи ҷаҳониро (бо номи «Истеъдоди нодир») сазовор шуда, баъди маргаш ҳамчунин бо ҷоизаи кумитаи ҷавонони ҷумҳур доир ба соҳаи адабиёт ва санъат қадр гардида, то имрўз 13 асараш ба табъ расида, навиштаҳояш ба забонҳои зиёди олам тарҷума шудаанд. Шамсия рўи олам 19 сол зиндагӣ ба сар бурд, вале бо истеъдоди нотакрор корҳое анҷом бидод, ки то ҳанўз ҳамагонро дар ҳайрату шефтагӣ медорад.

САДСОЛАЕ ВА ОШУФТАЕ

Вай аз хурдӣ бисёр сухан гуфтанро наомўхт, аз ҳаросе, ки пургў ва лаққӣ мешавад.
Бисёр даву тоз накард, то мабодо афтода, дасту пояш бишканад.
Ҳарчанд ханда хоси инсон аст, вай аз хурдӣ бисёр нахандид, то лабаш инҷ ва қаҷ шуда, чунин намонад.
Барои фаҳмидани моҳияти ашё беҳад синча накард, то мабодо чашмонаш зарар бубинад.
Бисёр фикр карданро наомўхт, то ба дарди сари мудом гирифтор нашавад ва пеш аз вақт майнааш заиф гашта, аз кор набарояд. Хуллас бисёр наомўхт, зеро шунида буд, «Дониш зиёд шавад, ғам зиёд гардад».
Либосҳои ранга ба ранга ҳам напўшид, корҳои гуна ба гунаро ҳам анҷом надод, то мабодо чашми бад ба вай бирасад ва ба сараш балое бирезад. Хуллас аз ҳама чиз, ки зери дил ҳарос дошт, аз заҳри чашми дигарон ҳам метарсид. Балки бештар ваҳм мекашид аз заҳри чашм.
Ошиқ ҳам нашуд, ишқварзӣ ҳам накард, ки мағзу ҷонашу устухонаш ба сўзиш наояд. Зеро шунида буд, ишқ сўзанда ва хокистар мекунад баъзе ошиқонро…

пешина
аз 276
навбатӣ