Шоҳроҳи истиқлол

Оиладор ҳам нашуд, аз хотире, ки ҳамсару фарзанд ба дўши инсон бори зиёдатӣ бошад, ҳол он, ки одамӣ дар зиндагӣ бори як худашро базўр бардошта мегардад. Баъд ҳамсаре дарёфтан магар мумкин аст, ки баъди оиладор шудан, вай ҳеҷ не як–ду маротиб, хиёнат накарда бошад. Гар чунин бикунад, бори ин аламу ғамро чӣ тур бардоштан ва чӣ тур таҳаммул кардан мумкин?…
Эҳсоси ғаму шодии зиёдро ба дили худ бор карданӣ ҳам набуд. Бор карданӣ набуд, ки ғалаёни эҳсос метавонад дилро ба лакнат ва сакта бикашад. Дар дунё бошад аз бардошта гаштани дили сактадор ва бемор душвортар чизе набошад.
Хуллас худашро ягон маротиб миёни дарёи зиндагӣ ва тўфони ҳаёт назад. Миёни дарёи зиндагӣ ва тўфони ҳаёт назад, ки ғарқа нашавад.
Мудом худро аз кўҳамавҷи зиндагӣ канор мегирифт. Ҳатто аз соҳили зиндагӣ худро дур доштанӣ мешуд, то мабодо кўҳамавҷе аз соҳилҳо баромада, варо печонда, миёни тўфони пурисён бикашад…
Аз тўфони аҷал низ дар амон мондан мехост ў ва зиндагиро дар кунҷакҳои зиндагӣ ноаёну мудом идома бахшиданӣ мешуд... Идома бахшиданӣ мешуд.
Бо гузашти солҳо ҳамсолони вай яке думболи дигар аз олам дармегузаштанд, вале ҳанўз вай зинда буд ва зинда мондан мехост бо тарзи ҳамешагӣ.
Бо гузашти солҳои дигар, рўйи замин, ҳамсолонаш кам мемонданд.
Балки кайҳо намонда буданд ҳамсолони вай рўи замин.
Аммо вай зиндагиро идома ҳамедод.
Синнаш наздик мешуд ба сад. То рафт наздик мешуд ба садсолагӣ.
Ва рўзе расид ба синни садсолагӣ!
«Аз сад, ки гузаштӣ, аз ҷамеи садҳо гузаштагӣ ҳисоб мешавӣ, яъне аз монеаи асосӣ гузаштагӣ ҳисоб,–андеша мекард вай бо худаш. –Баъди садсолагӣ аҷал касро аз ёд дур мекардагист, фаромўш мекардагист, албат!..»
Ба назараш мерасид аҷал варо, дар ҳақиқат, фаромўш карда…
Фаромўш карда варо гўё аҷал…
Вале аз ҳама хотираҳо хотираи аҷал пурқувваттар буда, ки ягон каси рўи замин омадаро фаромўш намекарда ва меомада дер ё зуд ба суроғи вай.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо