Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба суроғи садсолаи гўё фаромўшкардаи худаш омада буд аҷал. Садсолае, ки ҳосили умраш иборат буд аз «накардан», «наомўхтан», «нафаҳмидан», «наварзидан», «баҳра набардоштан» ва «не»–ву «не»–ҳои дигару дигар.
Марг варо андохта буд ба нестон, яъне андохта буд ба «на+будан», яъне ба несту нобуд шудан.
Хуллас мурда буд одами садсола, ки бимирад ҳар инсони рўи замин. Инсонҳо низ зода шуда барои он, ки билохир ҷон ба ҷаббор биспаранд.
Ҷисми беҷоншудаи ин садсоларо ба қабристон бурда буданд дар ниҳоят ва андохта буданд ба гўрхона. Ва болои вай хок бардоштанд, ки чени қадаш буд. Яъне гўрпуштаи азиму баланду паҳно бардошта бишуд болои ҷисми садсола.
Аз рўйи одати маҳал баъди гўр кардани мурда, бо овози баланд мегуфтанд, ки «каси ин ҷо маскангирифта одами хуб буда, ки бояд тасдиқ бикунем! Ҳамин тавр не?»
Аз рўйи таомул, ба пурсиш бояд бо овози баланд посух дармедоданд, ки «албат, одами хубе буд», яъне «рўйи замин зиндагии сазовор гузаронида буд». Бо лаҳни баланд ҷавоб доданашон баҳри он буд, ки малоикаҳои фиристодаи Худо, яъне Мункару Накир бишнаванд ва гувоҳ бишавад барои камтар гаштани азоби каси рафта дар дунёи охират.
«Каси ин ҷо маскан гирифта одами хуб буд, ки бояд тасдиқ бикунем, ҳамин тавр не?»–шунида шуд ин суол аз сари нав.
«Одами хуб буд»–чунин посух дардодани одамон яқин буд.
Яқин буд агар сар намезад хандае.
Хандае сар намезаду гувоҳии нуги забони ҳозиринро бознамедошт.
Мардум забонбаст шуда буданд, ки дар қабристон чунин густохона хандидани нафареро нашнида. Хоса дар ҳолате, ки ҳамин ҳозир мурдаи навро зери хок карда. Қабристон на ҷойи гиря шуморида шудааст, на ҷойи ханда!
Хандаи густохона ба нафаре мутааллиқ буд, ки қатори дигарон, аз чӣ бошад, омада ба қабристон. Нафаре буд, ки «девона» лақаб дода буда вайро одамон.
«Ва гар девона набошад, чунин механдад дар гўристон?– андеша мекарданд мардум.–Чунин механдад даме ки инсонро ҳамин ҳозир зери хок карда. Қабристон ҷойи гиря аст, на ҷойи ханда!»
Одамиён ҳамагӣ ба девона менигариста. Ба ин ошуфта, ки либосҳои ранга ба ранга дошта, ҳол он, ки имрўз бо либоси хосаи мотамӣ омада буда ашхоси дигар, яъне либоси сиёҳчатоб ва кабудча дошта унҳо ба танашон.

пешина
аз 276
навбатӣ