Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Девона бошад либоси ранга ба рангаи танашро ҷумбонида, ба гўрпуштаи шахси гўркарда наздик бигардид ва сари зону зад, хоки гурпуштаро ханҷолкаш бикашид ва партофт.
Бикашиду партофт…
Густохии девона дар зиндагии ҳамарўза қариб ҳар рўз аён буд, вале дар қабристон то ин дараҷа густохӣ карданаш зиёди зиёд метофт.
–О, девона–е, ин садсола буд, ки бояд бидонӣ?
–Хайр чӣ?!–саволе дода буд ҳамчунин девона.
–Ва гар азизи замину осмон намебуд, вай ин қадар умри зиёд дида метавонист?
–Гар азизи хок мебуд, замин мекашид кайҳо ба комаш ва гар азизи осмон мебуд осмон мебурд кайҳо ба тораш,– ҷавобе буд, ки фақат девона дода тавонад, хоса дар қабристон ва хоса дар бари каси нав зери хок шуда.
Мардуми ҳайратзада менигаристанд ба ошуфтаи девона…
–Балки аз даҳ сол зиёд умр надид,–сўи гўрпуштаи нав ишора карда буд девона ва албатта мурдаи зери хокро дар назар дошт.
–Ту девона медониву мо намедонем–а?!…
–Ҳо-о, медона–ам! Зеро дар умри дидааш, он қадар нагашт, ки гаштанаш лозим буд, он қадар нагуфт, ки бояд мегуфт. Он қадар надид, ки бояд медид, он қадар нахандид, ки бояд механдид. Он қадар, ки… Пас кардаҳои варо ҷамъ биоварем аз карда ва саргузашти ҳашт–даҳсолае зиёд мешавад? Аъ?!…
–О-о, девона–е!…
–Пас қабраш низ бояд баробари кардаҳош бошад– баробари қади ҳашт–даҳсола!..–хоки гўрпуштаи азимро кашида фароварду ханҷолкаш пош додаш.
–Э, девона–е!…
–Тамоми нишони рўйи заминеш ҳамин гўрпушта шуда, ки бояд бошад чени кардаҳош, чени қади ҳашт–даҳсола…–хоки гўрпуштаро парешон кард, ки чунин густохиро боре накарда касе бо гўрпуштаи мурдаи нав…
–Эъ, девона–е!…
–Умре дид, ки ҳашт–даҳсола бубинад. Аз ин зиёд надид.
Аз ин зиёд накард,–такрор намуд девона,–Қабраш ҳам бояд чени ҳашт–даҳсола бошад, на ки зиёд…–ханҷолкаш хоки гўрпуштаи азимро боз кам намуд.

пешина
аз 276
навбатӣ