Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Кам мекарду баробари ин хандаи ҷунунвораш бадар мешуд.
Ҳайратзада буданд ҳозирин аз чунин рўйдод. Аз он ки чаро пеш рафта монеъ намешаванд ин ошуфтаро. Монеъ намешанд ғайри «аҳ, девона!» гуфта нидо дарзадан…
Бархе шояд аз андешае, ки «девонаро боз дардаш гирифта ва ҳоло илоҷ надорад» ё шояд аз боисе, ки ба сару танашон хоки гўрпуштаи парешоншав назанад, худро канор мекашиданд.
Девона ханда мезад ҳамоно ва хоки гўрпуштаи фавтидаро мекашид, ҳаво ҳамедодаш.
–Гўрпуштаи болои ҷисми ҳар инсон бояд бошад чени кардаҳош, на чени умри дидааш. Гўрпуштаи болои ҳар инсон бояд бошад чени кардаҳош, на чени қаду қоматаш…
Одамон ҳанўз ҳайратзада, ки девонаро чаро монеъ шуда наметавонанд ё, ки намешаванд. Монеъ намешаванд аз гуфтаҳош ва аз кардаҳош?…
–Гўрпуштаи болои ҳар мурда бояд бошад чени кардаҳош, на чени умри дидааш, на чени қаду қоматаш…–хоки гўрпуштаро боз ханҷолкаш паст ва кам карда буд ошуфтаи девона. Балки дастонаш бо суръат чунин мекард.
Шумори боқимондаи одамон низ ягон–ягон дур мешуда, шояд намехостанд тулонӣ шоҳид бимонанд ба чунин рўйдода. Ҳайрон буданд, ки девонаро аз гўрпушта чаро дур насохта, гўрпуштаи кўчаккардаи варо чаро зайли қадима ва баланду азим накарда?
–Гўрпуштаи ҳар кас бояд бошад чени кардаҳош, чени саргузашти рўи заминиаш, на чени қаду қоматаш, на чени умри дидааш…
Гирди гўрпуштаи кўчаккардаи девона одам кам мемонд.
Баъзе ҷониби дарвозаи қабристон қадам мезаданд, зеро ин ҷо истоданро дигар аз рўи фаросату тамиз намедонистанд. Ё намехостанд шоҳиди бештари рўйдоди ғайримуқаррар шуда бошанд.
…Баъд девона танҳо монда буд. Танҳои танҳо монда буд дар қабристон…
Ба гўрпуштаи кўчаккардаи худаш менигарист вай. Менигаристу боз ханда мезад. Балки механдид беист. Балки ханда мезад акнун баланди баланд. Ханда мезад дар қабристони хилват, ки зиндаҳо аз он рафта…
Балки муттасил оҳанги дигар мегирифт хандаи вай.

пешина
аз 276
навбатӣ