Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Балки ба чизи дигар бадал меёфт.
Балки гиря мекард ин девона?…
Бале гиря мекард магар вай?…
Ва барои чӣ гиря мекард акнун, ки худаш намедонист.
Ё шояд ғайри худаш каси дигар намедонист боиси гиряҳои варо.
Гиря мекард канда–канда. Зор–зор гиря мекард девона.
Чашмони ашкрезаш ҳамоно дўхта шуда буд ба гўрпуштаи кўчаккардаи худаш.
–Чаро дар сад сол зиндагие ба сар набурдӣ, ки ба зиндагии садсола баробар бошад? Чаро дар умри садсола зиндагие доштӣ, ки ба зиндагии ҳашт–даҳсола баробар буда? Чаро-а?–бо нафари зери хок чунин ҳарф мезад девона.
Гиря мекард ҳамчунин вай. Метакиду меларзид баданаш аз осори гиря…
Чӣ туре, ки ба хандаҳои девонавори вай касе монеъ шуда натавониста буда, ба гиряи пурсўзи ларзонаш нафаре монеъ намешуд. Ва зиндае ҳам намонда буд дар қабристони мурдагон. Зиндае намонда буд ғайри худи ҳамин девона.
Баъд гиряи вай муттасил паст мерафт.
Баъд аз гиря ҳам монда буд.
На гиря мекард акнун, на ханда.
Вале косаи чашмонаш аз ашки собиқа пури пур буд.
Танҳо менишаст паҳлўи гўрпуштаи кўчаксохтаи худаш.
Танҳо менишаст миёни мурдагони зиёди қабристон.
Ва чӣ фурсате ин ҷо танҳо монд, чӣ муддате ин ҷо нишаст, чӣ миқдор ин ҷо дар тааммул буд, касе надонист, яқин худаш ҳам намедонист.
Менишаст ҳанўз миёни қабри мурдагон девонаи хаёлзада, менишаст тани танҳо.
Боз чӣ миқдор нишаста буд, чӣ фурсат тааммул карда буд, чӣ миқдор ноҷунбон буд, касе намедонист, шояд худаш ҳам намедонист.
Шояд ҳаргиз наҷунбад ва нахезад аз ин ҷо? Шояд ҳаргиз наҷунбад ва нахезад?…
Шояд ҳайкал барин ноҷумбон бимонад ин ҷо то абади абад.
Вале пайдо шуда буд назди баромадгоҳи қабристон вай.
Яқинтараш дами дарвозаи баромадгоҳи мадфанҷо пайдо шуда буд баногаҳ.
Дарвозаи баромадгоҳ амсоли худи мадфангоҳ, дар баландии доманакўҳ мавзеъ дошт.

пешина
аз 276
навбатӣ