Шоҳроҳи истиқлол

Девона аз ин ҷо назар бурда буд ба дуриҳои поёнрў. Менигарист бо чашмоне, ки дошт ҳанўз осори ашки собиқ.
Дар поён манзили зиндагон доман гушуда буд. Манзиле, ки дар водии паҳно буд. Ба назар мерасид он ҷо ҳавлӣ ва хонаҳои зиёд. Боғу роғ ҳам дошт ин манзар. Киштзору ҷўйбор метофт дар он. Рангу тобиши махсус доштанд мавҷудоти он ҷо. Ва ранга ба ранга, гуна ба гуна ба назар мерасид. Балки ҳазоргунаву ҳазорранга метофт.
–Ин аст зиндагӣ!–ҷунбиданд лабони девона якбора.
Ба зиндагии поён менигарист ҳанўз. Зиндагие, ки тобиши ранга ба ранга дошт, гуна ба гуна дошт.
Менигарист ба ин девона. Менигарист бо дидагоне, ки дошт ҳанўз осори ашки собиқа. Вале дар умқи ин дидагон падид меомад чизи дигар. Падид меомад тобиш. Ва ба тобиши зиндагӣ шабоҳат дошт.
Ва ин дидагон менигарист ҳанўз ҷониби поён. Поёне, ки дошт водии паҳно, боғу роғ, киштзору ҷўйбор, хонаву ҳавлӣ ва айвону ҳавзҳои фароғатӣ. Парандагони сурудхон ҳам дошт сари ҳар шохсори дарахту ниҳол.
Аз косаи чашмони девона, ки ба водӣ дўхта шуда, як чиз рўй мезад. Балки рў зада буд кайҳо. Дар лабонаш низ падид омада буд чунин эҳсос. Балки осори зиндагӣ буд. Осори зиндагӣ, ки ғолиб омада аз нав...
Тобише доштанд чашмонаш, лабханде доштанд лабонаш.
Ниҳоят ханда ҳам берун зада буд аз миёни лабони нимво.
Ханда, ки андарунаш дошт гиряҳо. Гиряи собиқ. Балки хандае буд аз гиря моломол. Балки девонавор буд ҳам ин ва ҳам онаш. Ва нидояш ҳам девонавор баромада буд:
–Бояд зист рангомез! Бояд зист дар ин зиндагӣ!
Баландтар ханда зада буд вай.
Балки гуфтугў мекард девонавор бо худ.
–Дар зиндагӣ набояд зист амсоли садсола, ки зиндагии ҳашт–даҳсоларо дида. Набояд зист амсоли садсолае, ки зиндагии ҳашт–даҳсоларо дошта…
Ҳамчунин баландтар ханда зада буд вай.
–Дар зиндагии рангомез бояд зист рангомез!
Аз дами қабристон қадам ниҳода буд ҷониби водии поён.
Балки ба зиндагии рангрез наздик мешуд. Балки ба он расида буд, балки ба он даромехта. Балки ба ин зиндагӣ печида буд.
Балки гум шуда буд дар қаъри зиндагӣ.
Зиндагие, ки варзидан дошту баҳра бардоштан, хандидан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо