Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

дошту шуғл варзидан, амал кардан дошту худро ба тўфон задан ва ҳамчунин аз миёни тўфон гузаштан дошт бо чораву тадбир ва чизҳои зиёди дигар:
Ба дарё афту бо мавҷаш даромез, Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст!..- девона ин тавр нагўяд ҳам мегуфта нигоҳи ў. Мегуфта хандаҳои ў. Хандаҳои ҷунунвори вай мегуфта чунин, ки меомада аз қаъри зиндагӣ. Зиндагие, ки девона ба он печида, фурў рафта дар жарфои жарфаш нопайдо гардида. Печида ва фурў рафта ва ғўтида ва ғарқа шуда дар қаъри зиндагӣ.
Меомад фақат хандаҳои девонавораш аз қаъри зиндагӣ.
Балки хандаҳои зиндагӣ буда ин. Зиндагие, ки ҷамеи чизро дошт: шукуфтан дошт, хандидан дошт, рустан дошт, офаридан дошт, сохтан дошт... Дошту дошту дошт… Барои зиндагӣ хос набуд надоштанҳо, хос набуд накарданҳо. Хос набуда ин ҳама…
Хандаҳои девонавори ошуфтае меомад аз қаъри зиндагӣ:
зиндагии рангбор, зиндагии пуртароват, зиндагии нотакрор…
Шояд нисбати садсолае, ки варо боре дар зиндагиаш «девона» нахонда буда, бештар ботамиз буда ин ошуфтаи гумшудаи қаъри зиндагӣ…
Ё дар ҳақиқат девона ҳам набуд ғарқшудаи зиндагӣ, ки меомад ҳанўз хандаҳош. Меомад аҷиб–аҷиб… Девона набуду вале азбаскӣ гуфтаҳош, кардаҳош ба тафаккуру ақоиди ҷорӣ ва одамони атроф, билкул, монанд набуд ва ба расму русуми мавҷуда рост намеомад, варо ҳамчу девона қабул медоштанд, амалу ақоиди варо девонагие меангоштанд. Бале ба касе шабоҳат надошт ва монандӣ надошт ин нафар.
Аз қаъри зиндагие, ки мавҷ дошту туфон, омехтан дошту баҳра бардоштан, афтидан дошту хестан, ишқ дошту ошиқӣ, завқ дошту ханда ва ҳама чизи дигарро дошту дошт, меомад ҳанўз хандаҳои ба назар ва хаёли баъзе девонавор. Хандае, ки ба зиндагии ранга ба ранга печида ва омехта ва яксон гашта ва аз он чунин маънӣ бармехеста:
Ба дарё афту бо мавҷаш даромез, Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст…
Хандаи девонавор меомад ҳанўз аз қаъри зиндагии пур аз тобиш, пур аз ранг, пур аз маънӣ…
Ба дарё афту бо мавҷаш даромез…
Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст!…

пешина
аз 276
навбатӣ