Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сайидаҳмади ЗАРДОН

ВАХШ

Пора аз роман

Шафақ лолагун гашт. Офтоби дами ғуруб магар бетаҳорат шуд, ки барои ният аз нав паси кўҳ паноҳ бурд.
Корвон аз пайроҳаи борики даруни туғайзор ба манзил роҳ гирифт.
Садои одамон ва ҳайвонот ба ҳам омехта, ҷангали касногузари Ленинизмро ноором карданд. Э–ҳа, ку қувваи барқу ку роҳу ку кошонаи зист? Ин ҳама хобу хаёле буд дар ун мавқеъ. Охир, аз макони дарандаҳо ва чўлистони касногузар метавон шаҳри афсонаи зебое сохт?! На, дар тасаввур намеомад, намеомад! Аммо аз қадами аввал рўбоҳу шағолу гург, мору суғуру кўрмўшу ҷуку ҷондори дигар осема «тахтаву тирак» партофта, худро ба ҳар сў мезаданд.
Шабонгоҳ ҳалуҷаки дарози гургҳо гўшҳоро харошид ва хомўшаку пашаҳои дигар хобро дар косаи чашм бишикаст.
Ҳай, мегазиданд хомўшакҳои гурусна, ҳай мегазиданд! Ҷонсарак хун мемакиданд «гушначашмон» ва шикамакашон варам, мисли пуфаки сўзанрасида, бехост торс мекафид. Ҷойи нешашон кулча–кулча сурх мегашт. Азоби дўзах доштанд одамон. Ва муҳоҷирон ба танҳоӣ ҳар сў нарафтанд, дар як хонаи чўбини жарф, ки баъдтар онро ба хирмани пахта ва мактаб табдил доданд, якҷоя «хобу хўр» карданд. Дарозтар аз ҳама шабҳои дигар намуд ун шаби нахуст. Гўё онҳо дар як чоҳи тангу торике шаби дилгазонро ба саҳар оварданд, хаставу афсурдаву парешон, чашмҳо вараму сарҳо мисли сурб вазнин. Муҳаммад дар қалби ҳамдеҳагон тухми умед корид:
–«Поёни шаби сиёҳ сафед аст». Сабр, сабр, сабр! Толиби дидор бедор ва орзуманди гул бояд як муддат бо хор бошад.
Роҳи бозгашт ва фирор номардист. Дилҳо ба ёди Шайхҳо гум занад ҳам, дигар ба пас нигаристан ва баргаштан номумкин. Омадем, акнун обод мекунем, бо нохун, бо дандон, бо талафот. Ҳо, душманро «дўст» бояд дошт ва бо ў муросо бояд кард, вагарна ба ваҳдату ободӣ расидан мушкил.

пешина
аз 276
навбатӣ