Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо ҳамфикрӣ макони дарандаҳоро сарвату сархату сармоя қарор медиҳем. Ҳамакнун замини мо, манзили мо, ватани мо ҳамин ҷост. Пирон, бузургон, азизон, даст ба дуо бардоред ва биёед ба хотири фардо ниҳоли аввалинро шинонем, ниҳоли аввалин…
Кадоме бо ҳазл савол андохт:
–«Дарандаҳоро ром мекунем», лекин якбора насламон даранда нашавад, мабодо?!
Муҳаммад қатори дигарон завқ бурд ва бо нармӣ бифаҳмонд:
–Одам шудани ҳайвонро шунида будам, аммо ҳайвон гаштани одамро на. Кадоме ҳадс зада, ки одам қаблан бузина буда. Чӣ бофтае! Шахсан бовар надорам. Ин гап–дурўғ!
Охир, чаро бузинаҳо имрўз одам намешаванд?!.. Ба ёдам омад, як ҷарроҳи машҳури хориҷӣ узвҳои бадани мурдаҳоро ҷамъ овард ва одаме сохт. «Одами сохта» барошуфт ва ҷарроҳро пора–пора кард. Чаро сохтаодам чунин амалро раво дид? Зеро узвҳои бегона дар рақобати якдигар ва хусумату бадбинӣ қарор доштанд, яке бо дигаре натавонист муросо бикунад. Муҷрим кист? Дарёфтанд, гунаҳкор ҳамун ҷарроҳи одамсоз аст, на каси дигар,–Муҳаммад лаҳзае таваққуф овард ва сипас афзуд:–Бо чор ҳисси зотӣ дар қолаби тафаккур дарк кардам, ки инсон бандаи худост ва махлуқи ношинохтааст. Ин махлуқ танҳо бо ҳукму инояти худованд аз Одаму Момоҳаво чашм ба олам во кард. Инаш дақиқтар.
Аммо пўшида нест, одам метавонад аз худ хўи ҳайвонӣ, балки бадтар аз онро содир кунад. Худро ношинохтанаш ҳамин.
Ҳо, агар худро нашносад, аз даранда ҳам бадтар мешавад.
Мисол кофта нагардед. Оё медонед, ки Тағайи осӣ бо бародари фардонигари ман–Ҳабиби ҷавонмард чӣ кард? Бо Ҳабибе, ки дар сад анҷуман Юсуф-истон меорост! Ў нияти аз Фарғона бозовардани муҳоҷиринро дошт. Вале сари мазори волидайнаш бехост ба чанголи одамсуратони девбашара афтод. Ношустарўҳои ба хунаш ташна, ҷавонмардро, мисли гургҳо, бераҳмона дариданд. Тавре лату кўб ва заҷраш доданд, ки ҳич дарандае наметавонад чунин шўри қиёмат барангезад ва ғарқоби ҳалокат биорояд. Пирон дигар натавонистанд ҷисми абгору хароби ўро иморат кунанд. Дер гашта буд, бо сўз ба мазораш ниҳоданд, ба мазори дилҳо!

пешина
аз 276
навбатӣ