Шоҳроҳи истиқлол

Хаёле сукут лангар андохт. Муҳаммад аз сухани нотамом хулоса бардошт:
–Ҳо, дидед, одам қодир аст, ки аз ҳайвон ҳам боло биравад, аммо чорпойи беақл дар сурати инсон аз зеҳн берун.
Умедворем, ки Парвардигор аз ҳайвон гаштани бандааш ҷомеаро нигоҳ медорад. Пас, бими инсон аз даранда беҳуда аст. Одам бояд аз одам бирамад, аммо набояд фирор кунад.
Аз бало дур на, байни бало будан авлотар.
Овози мудири анбори сиёҳҷурда риштаи сўҳбатро барканд:
–Ҳой, мардум, нагўйед, ки нагуфтам: бо варсоқӣ кор саранҷом намешавад! Ҳозир раис биёд, ба ҳафт пуштатон лаънат мефиристад. Суханҳои маро аз бехи гўш нагузаронед, балки ҳалқа кунед. Беҳтараш зудтар белу каланду досро гирифта, аз пайи кор шитобед. Ку, меҳнаткашони советӣ, ҳуҷум ба ҷангали дарандаҳо! Вагарна разведка аз фориғболии мардум ба ҳукумат хабар мебарад, он гоҳ оқибати кор дўғоб мегардад. Бо ду гўш шунидед, ки мўҳтарам раис чӣ гуфт?!..
–Разведкаат аз сарат монад, ходаи мазоре! Илоҳо, муддатҳо ба тарбод гирифтор шавӣ, ки ас аз ҷоят наҷунбӣ! Ба мо фақат хабаркаш намерасид. Сабр кун, сабзидани боғи сияҳдилро ҳич кас надидааст,–кадоме ғурунгид.
Лоғарандом ба ин тарафу он тараф нигарист, аммо соҳиби овозро нашинохт. «Гўрсўхта, кадом бунгиаш буд?
Дар чангам мезад, ки як–ду лагади обдораш мефуровардам, гап аз биниаш неву аз роҳи даҳонаш мепарид»…
Кор оҳиста–оҳиста дар гирифт. Кўдакон ҳам ёриро аз падару модар дареғ надоштанд. Аммо гармии офтоби тафсон батадриҷ афзуд ва то ба ҳадде расид, ки равғани тан дар зери пўст об шуд. Одамон беҳолу нафасгардон сарашон чарх мезад, аз даҳону биниашон хун мезаҳид ва мисли дарахти пўсида тап–тап аз по меафтоданд. Кўдакон дар таб месўхтанд ва пирон мадори рост шудан надоштанд. Устухонҳояшон зира–зира сўзиш мекард ва гўё инак–инак мисли орд мерехт. Гўшти хом овезон мемонду бас. «Худоё, кай шом мерасад? Кай офтоб ба ғуруб меравад? Магар рўзи дигар низ чунин бошад?!.. Эй боди анбаринмўйӣ Шайхҳо, куҷойӣ, ки қадам–қадам аз ин кў бигзарӣ, то ҷисму ҷони харобу беҳол як дамаке биосояд?!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо