Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Муҳаммад ва чанд нафари дигар аз қамишу туғайҳои даравида каппа месохтанд, ки кўдакону занон зери онҳо хазида, тану ҷони беҳоли худро аз гармои тафсон паноҳ бибаранд. Обкашҳо аз наҳр пайваста об меоварданду меоварданд. Ташнагӣ намешикаст. Ҳалқ зуд хушк мегашт. Ин дам Адолат аз каппаашон, ки канортар воқеъ буд, сар берун овард ва бо овози гирифта фарёд зад:
–Ҳабиб, Ҳабиб, модарат ку?! Бигў, ки назди модарам биёяд!
–Чӣ шуд?–ҳаловна савол кард Ҳабиб ва дарзаи қамишро ба замин партофт.
–Дар таб месўзад, аз биниаш хун мешорад!
–Ҳозир, ҳозир, модарамро мегўям, амакамро мегўям! Аз ҷоят наҷунб…
Ҳабиб шитобон ба сўйи мардону занон давид. Садои белу каланду дос ба гўш меомад. Писарбача модарашро овоз дод:
–Модар, тоби холаам гурехт! Аз биниаш хун меравад.
Мегўяд, ки зудтар биёйӣ.
–Аз кӣ?–дос аз дасти Ҳабиба афтод. Сукут хаёле соя андохт.
–Аз холаи Тобон!
–Аз Тобон?!–гапи писарбачаро шунида, осема шуд Муҳаммад ҳам.
–Ҳо, аз холаи Тобонам, зудтар!..
Онҳо думболи писарбача давиданд. Сардӣ ба дили дигарон рехт, дасташон ба кор нарафт.
Дар назди каппа Муҳаммад аз Ҳабиб хоҳиш кард:
–Ту, ҷонакам, Адолатро ҳамроҳ бигир, ба каппаи худатон бибар.
–Хуб, амак.
Ҳабибу Адолат бо хавоси пареш канор рафтанд. Ҳабибаву Муҳаммад ворид гаштанд.
Тобу таб маризро мепечонд, чун мўйи дар оташ месўхт ў.
Арақ аз сару рўяш шиппа мезад. Аз биниаш хун заҳида, аз кунҷи лаб ба фук ва гардани сафедаш ҷўйборак мекушод. Аз баданаш тафи гармӣ ва бўйи ғализи хун ба димоғ мезад. Ҳазён мегуфт.
–Муҳаммад, пудина даркор,–оҳиста садо андохт Ҳабиба.– Бўйро нест мекунад.
–Аз куҷо? Дар куҷо мерўяд?!–аз ҷо рост шуд ҷавонмард.

пешина
аз 276
навбатӣ