Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Эҳ, агар Шайхҳо мебуд, сари ҳар қадам! Ин ҷо надонам, аз куҷо?!
–Мепурсам,–Муҳаммад сўқвор озими рафтан шуд. Мариз яке чашмони хунгаштаашро во намуду канда–канда хоҳиш кард:
–Муҳаммад, илтимос, канор нарав. Гап дорам…
Сипас Тобон дасти ларзонашро оҳиста ҷониби Ҳабиба дароз кард. «Дугонаи азиз, канорам бинишин». Садои бемор низ ларзид:
–Апаҷон… Умедам ин набуд. Дар ҷойи нав орзу доштам дарахти муҳаббат сабзонам. Ҷуфти муносиб будем, фақат ханда, ханда… Аммо… зуқи чашм гирифт, ҳасратӣ меравам… Охир, ба касе бадӣ надоштам, бало аз куҷо омад?!..
–Ин хел нагўй, Тобон, хоҳаракам, зиндагӣ дар пеш.
Фикрҳои бемаъниро аз сарат дур кун,–Ҳабиба шитобон паҳлўи Тобон нишаст ва рўймолро аз сараш гирифта, хунҳои лабу гардани маризро ба пок кардан пардохт.–Ором бош, ором, ором… мегузарад.
–Муҳаммад куст?..–бо нолиш пурсид Тобон.
–Ҳастам,–Муҳаммад зону ба замин зад ва пойҳои Тобонро молид.–Чӣ гап шуд, ҷонакам? Якбора…–забони ҷавонмард гардон нагашт.
–Надонам. Яке аз по афтодам. Гармо зад, чашмам хира шуд, сарам тоб хўрд. Нафасам тангӣ мекунад, нафасам… Об, об, об…
Муҳаммад сафоларо ба бемор наздик овард. Тобон танҳо лабони парсингбастаашро ба косаи об расонду халос. Бо сар ишора кард: «Наменўшам!» Садои ларзони ҷавонзан хомўширо дигарбора бишкаст:
–Муҳаммад, нону намакатро биҳил кун. Узр, натавонистам ба Худои азизи худ хидмат кунам. Илтимос… Шуморо ба Худо… Адолатамро хор накунед. Ягона нишонаи ман...
Адолат, Адолат…
–Тобон, номард набош, маро танҳо нагузор! Ай, кошифи асрор, давое, сафое, вафое, раҳкушое бифирист, охир!..–ў аз буғс ҳамсари азизашро натавонист дигар тасаллое бидиҳад.
Суханаш роҳи даҳон гум кард. «Акнун равзанаи роз ба сўйи кадом дари боз бибарам?!»
Тобон дасти Ҳабибаро бигирифт, рўйи сандуқи дилаш биниҳод ва барои вопасин бор забон гардонд:

пешина
аз 276
навбатӣ