Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Апаҷон… Эҳсос мекунам. Меравам. Ба роҳи дур меравам. Медонам, аз ун ҷода дигар барнамегардам. Адолатам ба ихтиёри ту. Натавонистам хоҳиши дил барояш модарӣ кунам. Орзуву армонҳои ширин дар қалбам зиндон бимонд.
Акнун ту ба ҷойи модараш. Модари аслиаш бишав. Агар чунин накунӣ, як дастам аз гўр–берун. Қавл бидеҳ, апаҷон, қавл бидеҳ... Адолатам аввал ба Худо ва баъд ба ту…
–Ту ин тавр нагўй, хоҳар! Адолат бе ин ҳам духтари ман.
Қавл медиҳам, ўро хор ва ба нони касе зор шудан намемонам.
Гиря накун, хоҳарҷон, ашк нарезон, осуда бош. Фарзандон набояд ашки чашми моро бибинанд. Онҳо бояд бидонанд, ки модарон ҳам алорағми мушкилиҳо ҳеҷ гоҳ сар хам намекунанд, ин корро шайхи Қаландар ба мардум омўхта буд, Ҳабиби ҷавонмарги ман такрор кард, шайхи Зулбайта сари ҳар қадам таълим медод. Мо ҳам меросбари ун мардони покниҳоду равшанзамирем, онҳо як умр бо мо ҳастанд, дар ҷойи ҷони мо ҳастанд. Ту осуда бош, хоҳари қиёматӣ…
Суханони пурмуҳаббати Ҳабиба дар дили бемор бодаки форам вазонд. Дилаш аз фараҳу нишот рўшан гашт. Аммо натавонист эҳсоси қалбии худро ифода бикунад. Танҳо сипосгузорона ҷониби Ҳабиба чашм дўхт. «Бо ин ақлу фаросату заковат ҳазорсола бош, апа! Дастат асло дард накунад, хокро бигирӣ, зар гардад! Умри нурро бибинӣ, апа!» Хун аз гўшаи чашмони Тобон реза–реза сар омад. Ў бо илоҷе забон гардонд:
–Ҳазор раҳмат, апа. Бовар дорам, ҳалолат бод! Аммо хобамро дидам. Маҷнунбедам танҳо монд. Саъбаву канорӣ нагаштам, ки соле як бор, ҳамагӣ як бор назди падару модар биравам. Дидор дар қиёмат, азизон… Маро бибахш, Муҳаммад…
Лабони хунолуди карахшбастаи Тобон аз гап бозмонданд. Ў оҳиста чашмонашро пўшид. Деҳа ва маҷнунбеди канори он ба ёдаш омад, ки Адолати парпеч дар даст видоъ мегуфт: «Эй дарахти Маҷнун, ту барои ҳамеша ин ҷо мемонӣ бо кўдакиву ҷавониҳои мо! Ин зан аст, ки мисли моҳӣ меравад аз як ҷо ба ҷои дигар. Қисмати дўшиза ҳамин будааст, даргоҳи падар барояш абадӣ нест. Шукр мегўям бо ҷавонмарде ҳамсафарам, ки такягоҳ ва Худои ман аст. Илтимос дорам, эй дарахти орзуҳои ҷавонӣ, маро роҳи сафед ва неру бибахш! Аз Худованди бузург умедворам, ки ҳар сол аз манзили дур ба зодгоҳ ҳидоятам созад, то мисли саъбаву канорӣ панҷараи хонаи падарро тик–тик бикўбам ва бо хониши зебо аз худ паём оварам.

пешина
аз 276
навбатӣ