Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Илтиҷои дигаре надорам, хуш бошед ва маро фаромўш накунед…»
Чашмони ў яке васеътар во гаштанд. Гирду вана ва Муҳаммаду Ҳабибаро ба ҳадде равшану азиз бидид, ки то ба ин дам чунин надида буд. Амиқтар нафас фурў бурд ва якбора ором гашт, дасту пояш латта гаштанд.
–Хоҳар, хоҳарҷон!..–садои фарёди Ҳабиба Муҳаммадро ларзонд. «Ло иллоҳа илаллоҳу Муҳаммадан расулаллоҳ…»
–Хоҳаракам, хоҳаракам, хоҳараки дар қаду басту шакл яктоҳакам! Исто, сабр кун, чашмони зебоятро ба зудӣ напўш! Ту ҳоло ҳеҷ чизро надидайӣ, аз сад гул як гулат ҳам нашукуфтааст. Охир, шаҳид гаштани Ҳабиби ба ҷон пайвандам бас набуд, магар?!.. Ҳо, фалаки бераҳм, бо чор ҳисси зотиат ҳалқаи гўши ҳуш кун: ба рағми душманон, ба хотири рўҳи поки азизон мо ин манзили даррандаҳоро обод мекунем, беқиёмат биҳишт месозем! Қасам, ки ба ҷойи ҳама кор мекунам, кор мекунам, кор мекунам. Ба ҷойи ту, ба ҷойи Ҳабиб, ба ҷойи шайхи Зулбайта, ба ҷойи қиблагоҳи раҳматиям, ба ҷойи ҳама! Намеҳаросам, кор мекунам, кор мекунам!..
Овози баланди Ҳабибаро шунида, аз берун Адолати мўпарешон, мисли мусичае, ки дилакаш аз бози тезчангол бим гирифта, шитобон ба дарун сар халонд. Модар дароз, чашмпўшида ва хомўшу ором хуспида буд, қабл аз ҳарвақта.
Духтарак боре ҳам ёд надошт, ки модараш пеш аз дигарон бармаҳал ва бо ин ранг дароз хобида бошад. «Модараки ширину хандони ман, булбулаки хушхони ман ҳеҷ гоҳ орому хомўш набуд–ку?! Чӣ шуда?!» Гирён гашт духтараки маъсум.
Ашк дар чашмонаш ҳалқаи гирдоб, беихтиёр худро ба пойи модар ҳаво дод:
–Модар, модарҷон, модарҷон, бихез! Бихез мегўям, модарҷон! Маро танҳо нагузор, раҳгум мезанам, модар!.. Чаро дароз кашидаӣ? Пеш аз дигарон хоб рафтанатро надида будам. Айб аст, бархез, модар!..
Аммо модар хоб буд, хоби абад.
Ҳабиба худро ба даст гирифт, духтаракро аз модар ҷудо карда, сарашро ба сандуқи дил пахш намуд ва бо овози ларзон таскин бахшид:

пешина
аз 276
навбатӣ