Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Духтаракам, духтаракам… Ором бош, ором бош, ширинакам. Ман ҳастам, ман ҳастам, то рўзе ҳастам, танҳоят намегузорам. Ту духтари манӣ, ҷону ҷигари манӣ, решапайванди манӣ… Ором бош, ором бош… Аллаё, алла!..
Муҳаммад ашки дидагонашро бо нўги ангушт рўфта, аз каппа парешон берун омад ва яке чашмаш ба Ҳабиби маҳзун афтод, ўро аз дур нидо дардод:
–Ҳабиб, пештар биё!
Писарбача шитобон назди Муҳаммад омад. Ҷавонмард сари ўро силакунон бигуфт:
–Писарам, мард бош. Акнун бирав одамонро бигў ба ҷаноза биёянд…
Ҳамон бегоҳ дар «Ленинизм» қабри аввалин пайдо шуд, қабри нахустин модари ғўрамарг, қабри зани ҳасратӣ, қабри ошиқи ноком, қабри духтари дур аз падару модар, қабри модари ормонӣ… Афсўс, ин қабри вопасин набуд, балки қабристон аз он ибтидо гирифт, доман густурд.
Баъди ба хок супурдани Тобон, чанд нафар Муҳаммадро суроғ карданд. Ин дам ҷавонмард дар як кунҷи бинои васеи чўбин тани танҳо ба андеша фурў рафта, зери лаб чизе такрор мекард. Пилтачароғ милт–милт дошт ва чеҳраи ҷавонмардро хира–хира менамоёнд. Чашми ў ба ҳамқабилаҳо бархўрд, аз ҷо нимхез шуд. Онҳо як–як канори Муҳаммад нишастанд. Марди баҷуръате дар торикӣ гулў равшан кард:
–Шайхзода, ҳолатон хуб аст?
–Шукр, Худоро сано мефиристам,–ором посух дод Муҳаммад.
Мард якбора ба матлаб гузашт:
–Шайхзода, ҳамагӣ дар як рўз ба гармои тафсон тоб наовардем. Бачаҳалок, аз замину осмон алов мехезад–е! Нафас дар гулў дармемонад. Ҳатто бодаке нагардад, ки як барги қамиш биҷунбад. Занону кўдакон дар як рўз аз по афтоданд.
Худамон ба зўр меҷунбем. Ин мулк барои мо набудааст, аз ҳафт дўзах фарқе надорад. Ҳамаамон сўхтаву пухта, оқибат бедареғ фано мешавем. Беҳтараш, ҳоло ки дер нашудааст, ҳар кас бо сару аробаи худ ба кўҳистон баргардад. Тадбири дигаре намебинем.
Муҳаммад аз тафаккур сар бардошт ва бо озмоиш савол кард:
–Ҳангоми видоъ сухани азизамон дар ёди Шумо ҳаст?

пешина
аз 276
навбатӣ