Шоҳроҳи истиқлол

–Оре, ҳаст!–посух дод мард ва ун суханро ба ёд овард:– «Ба ресмони Худовандӣ чанг бизанед ва ҳаргиз парешон нашавед!»
–Боракаллоҳ, дуруст!–Муҳаммад суханро бо муқаддима оғоз кард:–Диламро садои думбураи шайхи Зулбайта пора месозад. Дарк мекунам, ки ун мавқеъ танҳо думбура садо намедод, балки дараи Шайхҳо аз қарнҳо садо мезад, аз ҷасорати Ҳазрати Бурхи Валӣ ёд меовард. Медонед чаро Ҳазрат кўҳи Турро боло шуд? Агар ҳадафи аввалаш расидан ба Ҳақ бошад, мақсади дигараш–инсон агар азм кунад, санги хороро мешикофад. Мо ворисони ҳамун ҳазратем, аз роҳ набояд пас бигардем. Бозгашт танҳо парешонӣ меораду бас. Агар аз якдигар биканем, аз Шайхҳо на ном мемонад, на нишон.
Сонӣ дигарон ҳам ҷуръат намекунанд, ки аз кўҳистон ба ин ҳавза кўч барбанданд. Ба хотирам суханони Ҳабибаи неруманд миёянд дар назъи ҷони Тобон. То ба ҳол аз таъсири онҳо берун нагаштаам. Шумо мехоҳед, ки гуфтаҳои рўҳбахши Ҳабибаро такрор кунам?
–Оре, мехоҳем!–якбора нидо дардод чанд нафар.
–Пас, бишнавед. Ў бигуфт: «Хоҳаракам, хоҳаракам, хоҳараки дар қаду басту шакл яктоҳакам! Исто, сабр кун, чашмони зебоятро ба зудӣ напўш! Ту ҳоло ҳеҷ чизро надидайӣ, аз сад гул як гулат ҳам нашукуфтааст. Охир, шаҳид гаштани Ҳабиби ба ҷон пайвандам бас набуд, магар?!.. Ҳо, фалаки бераҳм, бо чор ҳисси зотиат ҳалқаи гўши ҳуш кун: ба рағми душманон, ба хотири рўҳи поки азизон мо ин манзили дарандаҳоро обод мекунем, беқиёмат биҳишт месозем! Қасам, ки ба ҷойи ҳама кор мекунам, кор мекунам, кор мекунам. Ба ҷойи ту, ба ҷойи Ҳабиб, ба ҷойи шайхи Зулбайта, ба ҷойи қиблагоҳи раҳматиям, ба ҷойи ҳама!
Намеҳаросам, кор мекунам, кор мекунам!..»
Муҳаммад дарёфт, ки ҳозирин ду гўши дигар сабз кардаанд, суханашро бо фаросат идома дод:
–Ҷойи гиряву нола ҳамагӣ як бонуи дилсўхтаи мо чунин гуфт, ба ҳадде самимӣ ва заминӣ изҳор кард, ки эҳтиромаш ба маротиб афзуд. Бо меҳр ҷонибаш нигариста, нидо дардодам:
«Оре, сарвату сархату сармояи инсон Ватан аст. Эй, Ватан, бо сўзи ҷони хештан оқибат бунёдат мекунем, қадам ба қадам!
Ҳатто чархи гардун наметавонад, ки гардани моро бишканад, вақте ки душмани силоҳдор натавонист». Ҳо, як бонуи муштипар дар қолаби тафаккур комилан дарк карда, ки дигар роҳи бозгашт вуҷуд надорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо