Шоҳроҳи истиқлол

–Шумо, ношустарўҳо, тавбаро намедонед, имон надоред!
Табармусулмонед шумо! Бо дўғу даранг, дамдамаву ҳамҳама одамони бегуноҳро метарсонед, бо турктозӣ таҳқир мекунед, чизу чораашонро зада мегиред. Раиси гургат чӣ хиёл дорад?
Ба гумонаш, ки тамом, чўпони рамаи гўсфанд таъйин шуда, ҳар чӣ хоҳад, мекунад?! Бў гирифт, ки аспи ман бесоҳиб аст?!
Аввал асп ва баъд маро аз худ мекунад?! Фаҳмида мон, ин асп соҳиб дорад! Соҳибаш дар ҷойи ҷони ман, на дасти ту мерасад, на чашми раиси мундуқат!
–Фаҳмидам, апа, фаҳмидам…
–Хоки мазорро фаҳмидед! Одамро одам ҳисоб намекунед!
Гўш кун, ҷосус, агар як бори дигар номи мушкин ва маро бо даҳони бетаҳорат бигирӣ, аз пойи дигарат ҳам маҳрум мешавӣ! Ун карат гург хўрдааст, ин дафъа мушкин мехўрад поятро. Акнун бирав, ин гапро ба раиси белабат ҳам бирасон.
Бигў, ки то Ҳабиба зинда аст, номи занҳои покдоманро беҳуда доғдор накунад, танҳо бо калаи ғафси худ саргардон бошад, вагарна мўйлабҳои шофашро ба думи дарози мушкин баста, то аз пову пар мондан, гирд–гирди чойлоб кашола мекунам. Ҳабиба раққоса нест, ки дар ҳавои доираи шумо бирақсад!..
Сипас Ҳабиба лоғарандоми дар хоку хун оғўштаро ба ҳоли худ гузошт ва ғолибона пас гашт. Мушкин ором шуд.
Шаманов бо сари хам, мисли шохи шикаста ва лангон ба сўйи чойлоб роҳ гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор