Шоҳроҳи истиқлол

Карим ДАВЛАТ
«МОРСКОЙ КАПУСТ»
Ҳикоя
Аз ин воқеа чанд соле гузашта бошад ҳам, ҳеҷ фаромўш намешавад. Дар омади гап гоҳе ба хотирам ояд, ба дўстонам нақл мекунам. Дирўз ҳам дар сўҳбате ба ёд омаду нақл кардам. Дўстам Сайфулло хеле хандиду пурсид «Лекин ин қиссаро аз ягон китобат нахондаам?» «Оянда мехонед» – ҷавоб додаму дар андешаи иншои он шудам…
Рўзи истироҳат буд, қарибиҳои хўроки чошт. Бо дили хоҳам–нохоҳам аз дарвозаи ҳавлиамон берун баромада дидам, ки дари мағозаи деҳа кушодаву Ҳабибуллои магазинчӣ берун аз он рост истодааст. Мағоза рў ба рўи хонаи мо аз он тарафи кўча буд. Ҳабибулло дар деҳаи дур истиқомат мекард ва се сол пеш ҳам дар ҳамин мағоза фурўшанда буду ба хислату миҷози одамони деҳа нағз шинос. Ба андешаи ман, агар дар деҳу маҳалла ба сифати табиб, омўзгор ва ё саркор бошӣ, давоми як сол ҳам мардуми онро меомўзӣ, нисбати зану марди он тасаввурот пайдо мекунӣ. Ҳамчунин, одамон туро низ мешиносанд ва дар бораат маълумот низ мегиранд.
Мардуми деҳаи мо соли аввали кораш ба Ҳабибулло номи (лақаби) Хилват – Ҳабиби Хилватро монда буданд. Ба он сабаб ки баъзе молу ашёи камёфти рўзгорро ба одамони дигар, ба ҳамсоядеҳаҳо пинҳонӣ мефурўхту баъд овоза мешуд.
Чанд бор ман ҳам хилват сарзаниш кардамаш. «Моли кама ҷанҷолаш бисёр» мегуфту худро сафед мекард.
– Дар хона будай–ку, – маро дида овоз баровард магазинчӣ.
– Ҳа, имрўз истироҳат дорам, марҳамат, ба хонаи мо, Ҳабибулло, хўрок тайёр–гуфтам.
– Рости гап, худам ҳам дар андешаи куҷо рафтан будам, – хурсандона иқрор шуд ва бо нияти вохўрӣ наздам омадан гирифту– аз дўст як ишора, аз мо ба сар давидан– гуфт.
Оғўш кушода гарму самимӣ вохўрӣ карда
– О якбора дари мағозаатро қулф накардӣ?– гуфтам
–Ду қадам роҳ, мушкил не, хуни почаҳоям медаванд, – гўён чаппасар гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор