Шоҳроҳи истиқлол

– Зиёфат аз мову газакаш аз Шумо, Ҳабибулло, – шўхиомез аз пасаш овоз додам, зеро медонистам, ки баъди садто задан улфатию хушчақ – чақ мешавад. Рафту дар бораи касе гап сар кунад, ў хоҳ одами хуб бошад, хоҳ бад, аввал «танови умраш канда шавад!» гуфта, номашро мегираду баъд нақлашро оғоз мебахшад.
Ҳавлӣ даромада бинам, ки аз вохўрию сўҳбати мо бо магазинчӣ пайхас рафта, занак аллакай рўи кати таги тути музаффарӣ дастархон оростаааст.
– Эҳа, танови умраш канда шавад, хушдоманам дўст медоштааст– ку– ҳавлӣ даромада хушҳолӣ кард Ҳабибулло.
Дар даст ду қуттичаи якшаклу якранг дошт ва онҳоро намоишкорона рўи дастархони болои кат монд.
– Инаш боз чӣ?–ҳайрон шуда пурсидам.
– О дархости худатон, «газакаш аз шумо» гуфтед–ку,– хандида ҷавоб дод Ҳабибулло.
Ин хел газакро бори аввал медидам, як қуттичаашро гирифта хуб зеҳн мондам «Морской капуст». г. Магадан.
Охотское море. Год. Выпуск 1979». Аз дилам рафт, ки ҷойи хизмати аскарии Мирзои Магадан. Ҷое, ки шаш моҳаш рўзу шаш моҳи дигараш шаб. Боз акаи Мирзо таъриф мекард, ки диёри офтобист – солничний Магадан… Аз рўи таърифҳои осмонияш мардум Мирзои Магадан лақабаш монданд.
– Ҳабибулло,аз вақти истеҳсоли ин даҳ сол зиёд гузаштааст. Инро хўрдан мумкин нест!
– Мумкин, мумкин, танови умраш канда шавад, баҳр яхдони табиат. Ҳатто мурда дар об сад сол истад ҳам, вайрон намешавад, лекин як рўз дар хушкӣ монад, бўй мегирад. – гуфту аз кисааш кордча бароварда як қуттичаашро кушод, бўи алафи гандида зуд ба машом расид.Даруни қуттӣ ба обсабзаҳо, дурусттараш ба ҷомаи ғуки лаби ҳавз монанд буд.
Дилам дур рафту беҳузур шуд. Гумони бад ба хаёлам омад.
«Хайр, бигзор, аввал худаш хўрад, ку – бинам оқибаташро»– гуфтам ба дил.
– Бирез, акнун газак тайёр – ба иштиҳо омад Ҳабибулло– ин ба сад дарду алам дармон. Табаррук ҳам ҳаст, аз ў лаби дунё чандин мазорро гузашта омадагӣ.
Шишаи арақро кушода ба ду пиёла тасмалаб рехтаму «марҳамат»–гуфта яктоашро бо эҳтиёт назди Ҳабибулло мондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор