Шоҳроҳи истиқлол

– Дўсто тори сар, душмано зери по, танови умрашон канда шавад, – гўён бо як дам пиёларо бардошт ва саросема «Морской капуст»–ро ба косаи холӣ гардонда онро ҳам дам кашид. Алафҳои сабзашро чун тўпаи отала бо лабонаш фурў бурда, – Бай–бай, танови умраш канда шавад, валоки мурдара зинда мекардаст –гуфту нафаси озод кашид Ҳабибулло.
Ба рангу рўяш чун табиб зеҳн мондам, аз таъсири арақ буд ё «Морской капуст», ки чашмонаш сурху рухсораҳои арғувонаш дамидан гирифтанд. Сафедиҳои чашмонаш ҳам торафт арғувонӣ мешуданд. Гумонам ботил баромад.
– Бардоред – гуфт Ҳабибулло қаноатмандона қуттичаи дуюмро кушода ба коса гардонду наздам гузошта илова кард: – Аз ана ҳамин нўши ҷон чор сол пеш, дар давраи магазинчигии Қуввати Бинӣ, илоҳам танови умраш канда шавад, ду яшик оварда буданд. Ҳамин ду яшикро ноканда аз ў қабул кардаму ҳамон зайл ба Саттори Гўш супоридам.
Баъди чор сол ҳамин магазинро қабул кардам. Яшикҳо ба ҳоли худ истоданд. Ҳар яшик чил дона, ҷамъ ҳаштод қуттӣ «Морской капуст».
– Гиред, мо ҳарду аввалин хўрандаҳо! Мо дар куҷову Охотааш дар куҷо?! Худованда дар номаш садқа, бо ҳар сабаб ризқу рўзиро аз у лаби дунё ҳам мерасондааст. Гиред, зинда бод, амаки Лиёнка.
– Амаки Лиёнкааш кӣ? – ба тааҷҷуб афтодам.
– Брежнов Леонид Илич, танови умраш канда шавад, сиккаву сураташ олама зер кардааст.
«– Мекушт, Ҳабибуллоро мекушт», – аз дил гузарондаму баъди нўшидан дар пайравии ў косаи «Морской капуст»–ро ба лаб кашидам. Тунду шўр, ба назарам як мушт ҷомаи ғукро ба зўр фурў бурдам. Дилам беҳузур шуд, қариб ки нўшидагию хўрдагиамро гардонам, вале нафас дарун кашида тоқат кардам. Боқимондаи «Морской капуст»–ро дур партофтам, то ба чашмонам дигар нанамояду косаи дўғро дам кашидам. Беҳтарин газак дўғ аст, боз агар турш бошад, тумчию шўриро тез рафъ мекунад.
Вақте боқимондаи «Морской капуст»–ро дур партофтам, Мушкак – саги хонадонамон, ки дар сояи тут фукашро рўи дастонаш монда ду чашми чор сўи мо нигарон буд, ҳаллос зада аз ҷой хесту аз таги кат ба дав гузашта, «Морской капуст»–и партофтаамро ҳарисона бўй кашидан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор