Шоҳроҳи истиқлол

Лаҳзае дум ликонда табъаш хира шуд, ки тарафи мо нигоҳи нафратомез карду ноумед ба ҷойи аввалааш рафта, баръакс пушташро сўи мо гардонда хоб рафт. Аз ин амалу рафтори саг хандаам омад ва баланд хандидам.
–Чӣ механдӣ? – ба тааҷҷубу хавотир пурсид Ҳабибулло.
–Саг аз мо рў гардонд, намебинӣ?! Ҳатто нафраташ омад, ки песонд.
–Барои чӣ?
–Барои ана ҳамин газаки таърифӣ – «Морской капуст», ки ту хўрдию ман партофтамаш. Надидӣ, ҳатто табъи саг ҳам нагирифте! Бин, пушташро гардондааст.
–Ҳой танови умрат канда шавад ба у табъи нозукате, – ба саг нигариста бо тамасхур гуфт Ҳабибулло ва ба ман бо таассуф рў оварда, –об–бое, як сандуқашро қабул мекунанд, лекин сандуқи кушодагиам дарди сарам мешавад. Қуввати Бинӣ ба ҳамин наздикиҳо бояд магазинро қабул кунад. Аниқ маълум, ҳамин сандуқи кушодагиро қабул намекунад. Сию ҳашт қуттӣ «Морской капуст», яксаду шаст сўм!
–Ҳеҷ гап намешавад, ғам нахўр, Ҳабибулло, шумо, савдогарҳо дар фанду фиреби мо, харидорон, устухон надоред, лекин рекламаро намедонед, –рекламаро –, дилбардорӣ кардамаш.
Нигоҳи ў ҳанўз ҳам сўи Мушкак дўхта шуда буд, гўё чашмонаш роҳ мепоиданд… Ба хотири ман қиссаи ду деги ҳамин магазин омад. Тахмин як сол пеш буд, вақти магазинчигии Саттори Гўш (азбаски модарзод гўши росташ ба қурут ё ба кулўлаи чормағз монанд буду ягон сўрохие надошт, мардум ба ҷойи Саттори Якгўш Саттори Гўшаш мегуфтанд). Ду деги калони яксаду бистлитра аз беруни дари магазин се–чор моҳ рўи ҳам пурў мехобиданду касе эътибор намедод, гўё ба чашми касе наменамуданд. Рўзе падарам (Худованд ҷояшро ҷаннат гардонад) гуфт, ки рафта ҳардуяшро бихар, чизи хубай, сад рўз дарбору як рўз даркорай. Рафтам, вақте Саттори Гўш фаҳмид, ки ҳар ду дегро мехарам, чунон хурсанд шуд, ки гуфтан надорад. Худаш бачаҳои муаллими ҳамсояамонро ҷеғ зада фармон дод, ки дегҳоро хонаи мо баранд. Понздаҳсумӣ сӣ сўм будааст, нархашон ба гуфти Саттори Гўш. Имрўз он дегҳо тухми анқо гаштаанд, ёбӣ ҳам дошт надоранду нархашон дар осмони ҳафтум, зурат намерасад.
Деги якумро хона бурда, омада акнун дуюмашро мебардоштанд,ки овози муаллим аз ҳавлиашон баромад:–Истед, – амр кард бачаҳояшро ва номи маро гирифта– ин магазин аз отаат намондай,мо ҳам ҳақ дорем,мо ҳам ба сари худ бунаем, Худоро шукр, шонздаҳ хўранда дорем, ба рости мо ҳам тўйу маърака меояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор