Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–гўён ҳамсояамон давида омаду ба бачаҳояш гуфт,ки дегро ба хонаи худашон баранд. Лаҳзае магазинчӣ ба ман, ман ба дег нигарон мондем. Муаллим чунон ба қаҳру ғазаб омада буд, ки гуфтани як калима маънои ба оташ равған рехтанро дошт.
–Муаллим, мебахшед пули дегро аллакай ман гирифтагӣ
– гуфт магазинчӣ.
–Бас кун хотирбиниатро, Хилват, бо дарзаи пул занамат, валло ки пал намекашӣ, фаҳмидӣ!?
–Ҳамсояи мо рост мегўяд, – оромона фаҳмондам магазинчиро, – як дегаш ҳаққи ў мешавад, пули маро гардонда бидиҳед…
Қиссаи дег ҳанўз ҳам дар хаёлам, аз беруни дарвоза овози бачае баромад: «Ҳабибуллои магазинчӣ дар ҳамин ҷост?»
Ман– ҳамин ҷо, чӣ гапай? – баланд ҷавоб дод Ҳабибулло.
–Бобои Раҳим магазин омадай. – гуфт бача.
Бо шунидани ин ном Ҳабибулло ҳадаҳа ду даст ба фотиҳа бардошту «Баракат ба ҳамин хонадон» гуфта аз сари дастархон хест.
Ҳафт соли умри ҷавонии бобои Раҳим дар фронт, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузашт, маҷрўҳи гурўҳи дуюм, ангушти мобайни дасти росташ аз буғуми дуюм қад шуда, болои ангушти ишораташ мехобад. Вақтҳои лозим ҳамон дасташро боло бардошта «Мо барои шумо хун резондаем, агар мо намебудем, ҳолатон аз ҳоли саг ҳам бадтар мегашту дар зери пои немис ҷив мегуфтед!».
Бо вуҷуди асабӣ, нозук, ҷанҷолию дилхарош буданаш хурду калони деҳа ба бобои Раҳим меҳру шафқат доштанд.
«Сад офаринаш, аз оғози ҷанги Гермон то ҷанги Япон қариб ҳафт сол дар саф буд. Чандин бор мурдаю зинда шудай, лекин Худованд амонаташро, ки нагирифтай, ҳеҷ балош назадай», мегуфтанд одамон дар ғайбаш. Номаш ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар журнали махсуси магазин сабт ёфта буд ва гоҳ–гоҳе ба номаш молу ашёи алоҳида меомад. Харидани ўро ҳамсояҳо дида ҳасад мебурданд. Саросема хестани Ҳабибулло барои он буд, ки нахост бобои Раҳим асабӣ шавад, ба ғазаб ояд.

пешина
аз 276
навбатӣ