Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ман ҳам саросема аз паси меҳмон то дарвозаи ҳавлӣ рафтам, мақсад чун мизбон гусели меҳмон буд, ки нохост ба чашми бобои Раҳим афтодам.
– Ба иқаре магазин дар пеши хонаат, магазинчиро зиёфат медиҳию моли хуби камёфтро худат мехарӣ?! – шўхӣ буд ё ҷиддӣ ба ҳуҷум гузашт бобои Раҳим. –Аз ин даргоҳ ҳама баробар умед дорад. Чӣ, мо барои ҳамин рўз дар акопҳо (ҳандақҳо) ҷон канда хун резондем. Дар вақти (времи) ҷанг агар мо намебудем, ҳолатон аз ҳоли саг ҳам бадтар мешуд, дар зери пойи немис ҷив мегуфтед…
Гўё ҳеҷ чизро нашунида бошам, наздашон рафта,бобои Раҳимро ба оғўш гирифта аҳволпурсӣ кардам. Ў ҳам аз аспи ҷаҳл фаромада оромона ҳолпурсӣ кард ва қуттии дастамро дида гуфт: – Ин чияй?
Бало занад, дар саросемагӣ аз рўи дастархон гирифта партофтани қуттии «Морской капуст»–и Ҳабибулло хўрдаро фаромўш кардам. Чӣ гуфтанро надониста «инро деликатес»
мегўянд гуфтам.
–Деликатесашро намедонам, инро мо дар вақти (времи) ҷанг консерва мегуфтем, аз гуруснагӣ ҷони моро дар акопҳо ҳамин тушонка наҷот медод, мазааш ҳанўз ҳам дар даҳонам мондааст,–гўён қуттии холиро аз дастам гирифта мисли харидор зеҳн монда пурсид:– Аз куҷо харидед?
–Ана инаш сирри ниҳон аст,бобои Раҳим, агар гўям, овоза мешавад. Лекин гап байни худамон,ҳамин Ҳабибулло дораду ба дилкашҳояш медиҳад, шумо ҳам дар ҳисобед,– гуфтаму дар бало мондам.Бобои Раҳим ба шўр омад:
–Ин магазин аз падарат намондааст,ки моли хубро танҳо ба хонаи ту баранд. Мо ҳафт сол –дасти чапашро байрақ карда – барои адолат ҷангидем. Агар мо намебудем, шумо, деликатесхўрҳои имрўза, ҳолатон аз ҳоли саг ҳам бадтар мегашт. Дар зери пои немис…
–Бобои Раҳим, асабӣ нашавед, ҳаққи шумо дар ҷояш.
Чанд қуттӣ мегиред ?– бо илтиҷо пурсид Ҳабибулло.
–Ту чанд қуттӣ гирифтӣ?–ғазабаш андаке паст фаромада аз ман пурсид бобои Раҳим.
–Бо зориву тавалло ду қуттӣ дод, бобо, – гуфтам.
– Ба ман даҳ қуттӣ биёр!– ҷиддӣ талаб кард бобои Раҳим.
Ҳис кардам, ки аз аспи ҷаҳл фаромада бошад ҳам, по дар узангу истодааст.
Ҳабибуллои ба ҳарос афтода зуд даруни анбор даромаду ба бобои Раҳим оҳиста гуфтам:– Бобоҷон, деҳа калон,моли кама ҷанҷолаш бисёр,боз овозаву дарвоза нашавад,ки ба зарари худамон аст.

пешина
аз 276
навбатӣ