Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Корат набошад, маро ҷив–ҷив нишон надеҳ, аз ин магазин ҳама баробар умед дорад. Дар вақти времи ҷанг мо барои ҳақиқату адолат хун резондем. Шиори давлати мо–ба ҳама мувофиқи талаботаш, кам бошад, боз меорад,– гуфту домани яктаҳашро мисли дастархон рўи пештахта паҳн кард ва Ҳабибулло даҳ қуттӣ « Морской капуст »–ро болои он гузошт.
– Бобо, ин қуттиҳо мазоргузаштаанд, ба сад дарду иллат давоанд, аз баҳри Охота, аз Магадан омадагӣ,– дидам, ки қаҳру ғазаби бобои Раҳим паст фаромаданд, гуфтам.
–Ба кӣ мегўӣ, шунидан кай бувад монанди дидан!
Гунҷишкбача очаша ҷив–ҷив ёд медиҳад. Вақте бобот –дасти чапашро боло бардошта, фашистонро дар лонааш кўфт, июли соли чилу панҷ барои саркўби япониҳои миллитарист рост ба Магадан рафт, дар баҳри Охота бобот оббозӣ кард, фаҳмидӣ ?!– Дар чеҳраву гуфтори бобои Раҳим баръало мавҷӣ хушҳолию фараҳмандӣ давид. Аз қаҳру ғазаби аввала асаре намонда буд. Пули қуттиҳои «Морской капуст »–ро доду қаноатмандона баромада рафт. Гўё мўйсафед маҳз барои харидани ҳамин омада буд.
Дар магазин ҳарду мондем, лаҳзае хомўш ман ба Ҳабибулло менигаристаму ў ба ман.
– Дувоздаҳ қуттиаш рафт,– бо хушнудӣ хомўширо шикаст Ҳабибулло.
– Ҳоло ист, сабр бикун, чунон муғаке шавад,ки бузеро барге нарасад, – гуфтаму аз магазин баромадам. Аз роғи даричаи дарвоза Мушкак хавотир шуда сар бардошта як сўям нигаристу мисли қаҳрӣ боз рўй гардонид, маълум шуд, ки ғазабаш ҳоло ҳам паст нафаромадааст. Ў бо ҳамон ҳолати аввалааш дар сояи салқини тут мехобид. Ман ҳам барои хобидан ба хона даромадам.
Намедонам, чанд соате хоб рафтам, ки овози занам аз ҳавлӣ бедорам кард: – А мардак, дар магазин мол омадай – чӣ, мардуми деҳа ҳама ҷамъ шуданд, ту ҳам намерай!
Бо дили нохоҳам аз хоб хестам, чашмонамро молиш дода ҳавлӣ баромадам. Дидам, ки Мушкак берун аз дарвоза сўи магазин якмаром ҷакидан дорад…
Дўғу пўписаи мардуми назди магазин нағз ба гўшам

пешина
аз 276
навбатӣ