Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

меомад:
«Бобои Раҳим ҷанг кардай, барои худаш ҷанг кардай!
Ман ҳам ҳақ дорам. Агар маро ҳам пеш аз ҷанги Гермон очам мезоид, кӣ медонад, ки Қаҳрамон меомадам» – мегуфт Давлатшоҳи монтёр.
«–Ба иқаре хонаи Салим (маро мешунавонд) рў ба рўи магазинай, моли пеша фақат ў мегира – ки?!» – норизогӣ мекард Ҳалими носфурўш.
«–Эй Хилват, ин магазин на ай отаи Салимай, на ай отаи ту. Магазини халқай! Басай рўбинию хотирбинӣ!» – эътироз дошт Сафари сигорет…
Акнун фаҳмидам, ки «сир»–ро бобои Раҳим фош кардааст. Ба ними мардуми деҳа «Морской капуст» нарасидаасту омада даъвою норозигӣ доранд.
Мардуми деҳот аҷаб хислате доранд. Мақоли «Хўрдагиҳо пушаймону нахўрдаҳо дар армон», воқеан ҳам дар ҳаққи онҳо гуфта шудааст. Ҳабибулло аз як бало – «Морской капуст» халос хўрда дар чанд балои дигар монда буд.
Хандаам омад, хело хандидаму Мушкакро фарёд кардам, вале маро гўш намекард. Ў ҳамоно сўи мардуми назди магазин ҷамъомада меҷакиду норизогию эътирози одамон давом дошт…


… Баъди як ҳафтаи ҷанҷоли магазин балои аз ҳама вазнин
ҳавлии мо бор гирифт. Ҳашт нафар комиссияи бонуфузе ба
мўҳлати ҳафт рўз рўи кати таги тути ҳавлии мо–ҳамон ҷое, ки
аввалин шуда бо Ҳабиби Хилват «Морской копуст»–ро (номаш дар гўр) газак карда будем, хиргоҳ зада, ҳар кадоме ба таври худ ҷилу пўстаки магазинчиро афшонданд. Дар баробари
онҳо ана ҳамон Давлатшоҳи монтёру Ҳалими носфурўш, Сафари сигорет (дар деҳа бо номи се мушкатёр маълум буданд) ва
муаллими Ғаюруф, ки барқасд деги харидаамро хонааш бурд,
аз ҳад гузаронданд. Гўё бечораи магазинчӣ одам кушта бошаде. На андешаи хешутаборӣ, на ҳамсоягию на ҳамдеҳагиро
карданд. Гўё вакили деҳа бошанд, ки аз номи мардуми деҳа–
онҳое ки «Морской копуст»– (номаш дар гўр) нарасидашон, ба
райкому райисполком, назорати халқию прокуратура як
гапҳое навиштаанд, ки на дар кафлес рост мегиранду на дар
дег. Ман ҳам дар почаки гўсола шарику гўё молҳои хубу камёфти мағозаро тақсим мекарда бошам, як хонаам ба анбори Ҳабиби Хилват табдил ёфтааст…Талаб карданд, ки ё маро аз назди мағоза бикўчонанд, ё ки мағозаро аз назди хонаи мо, вагарна мардуми деҳа аз он ҳаққу ҳуқуқе, ки партия ва ҳукумати ҷаноҷонамон додаанд, маҳруманд.

пешина
аз 276
навбатӣ