Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аксарият, ба онҳое ки «Морской копуст» нарасида буд, хизмати магазинчиро ғайриқаноатбахш меҳисобиданд. Муаллими ҳамсояамон Ғаюруф бошад бо қаҳру ғазаб дар баёноташ зикр кардааст, ки «Агар ҳушёрӣ намекардам, ҳар ду деге, ки ба мағоза омада буд, харида хонааш мебурд. Чӣ дигарон буна нестанд, дар деҳа ғайри Салим тўю маърака, хайру худоӣ надоранд?!».
Давоми як ҳафта дар даҳони мардум гапу хабари Ҳабибуллову мағозаи деҳа буд. Ҳар кас ҳар чӣ мегуфт, ҳадс мезад, гапи дигаронро инкор мекарду гапи худашро мегузаронд. Овоза ба ҳамсоядеҳаҳо низ расид. Сокинони онҳо ҳасад бурда мегуфтанд, ки «қандаша занад Ҳабибулло, дар магазинаш моли ў лаби дунё ҳам ёфт мешудааст!».
Таҳу тагас карда аниқ мегуфтанд, ки давоми чор–панҷ соли охир чунин деликатес–«Морской копуст» (номаш дар хок) ба ҷуз магазини деҳаи мо ба ягон магазини дигар наомада будааст. На аз фурўшандаҳо ва на аз ҳайати комиссия касе муайян карда натавонист, ки чунин деликатес чӣ тавр ба мағозаи деҳаи мо роҳ ёфтааст?
…Баъди ҳафт рўз тафтиш ба поён расид. Тафтишгарон бо як портфели чарми пур аз аснод алайҳи Ҳабибулло эълон намуданд, ки рўзи ҳаштум тибқи дастури мақомоти ҳизбу ҳукумати ноҳия дар суди рафиқона баррасӣ мешавад. То баргузории суди рафиқона онҳое, ки салоҳияту ваколати ин судро намедонистанд, дар ҳаққи Ҳабибулло ғайри ҳукми парону ҳабси якумра дигар чӣ ҷазоҳое раво медиданд. Албатта, ҷонибдори ашаддии чунин ҷазоҳои ниҳоӣ ана ҳамон се мушкатёру ҳамсояи мо муаллими Ғаюруф буданд. Ҳатто Давлатшоҳи монтёр мегуфт: Сару гардане, ки Ҳабиби Хилват дорад, зеби дорай. Оҳ бераҳме, мегўӣ, душмани хундораш бошад!
Мардуми деҳаи мо на мурофиаи судиро дида буданду на суди рафиқонаро, лекин тасаввур мекарданд, ки гунаҳкор ҳатман бо сару гардани хам, ба дастҳо завлона, дар иҳотаи муҳофизони тартибот дар мурофиа иштирок мекунаду суд гуноҳашро дайн ва ҷазояшро эълон менамояд. Суди рафиқонаи магазинчии мо дар рўзу соати муқаррарӣ, дар саҳни мактаби деҳа тахминан ҳамин зайл сурат гирифт, лекин Ҳабиби Хилват бо сару гардани баланд, дастҳо безавлона, озодона иштирок дошт.

пешина
аз 276
навбатӣ