Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз таърихи ба мағоза омадани ду қуттӣ «Морской копуст» (номаш дар хок) ба ҳозирин ҳамчун ҷавобгар маълумот ва ба саволҳои даъвогарон ҷавобҳои боварибахш дод. Шасти аксарият гашт, дили бисёриҳо ба ҳоли Ҳабиби Хилват сўхт, қариб буд, ки аз об соф барояд, агар Давлатшоҳи монтёр савол намедод:
–Чаро ягон бор қуттии «Морской копуст»–ро дар витринаи магазин надидем, ин магар пинҳонфурўшӣ нест, Хилват?
Ана ба ҳамин савол дар гармогармиаш ҷавоби мувофиқ наёфт Ҳабиби Хилват, ба гуфти худаш танови умраш канда шавад, аз куҷо медонист, ки омада–омада баъди чор–панҷ сол ду сандуқи назарногири анбор сархўр мебароянд. Ин саволи ноҷои Давлатшоҳи монтёр гундиеро мемонд, ки гўё дар пеши чанд саг мепартоиш. Ҳама ба ҳуҷум хестанд, бахусус намояндаи назорати халқӣ. Мурофиа аз нав авҷ гирифт, қаҳру ғазаби одамон боло хест. Ҳай гуфтанду гуфтанд ва суди рафиқона ба қароре омад, ки Ҳабибуллои магазинчиро ба тарбияи коллектив ҳавола намоянд. Вале бахташ омад накард, се мушкатёр иддао карданд, ки ба даъвои мо танҳо суди халқӣ нуқта гузошта метавонад.
Як ҳафта дари магазини деҳаи мо баста буд, гапу калочаи «Морской копуст» ва Ҳабиби Хилват ҳам мурданд. Мардум барои як қуттӣ гўгирду як кило намак сарсону саргардон ва норозӣ. «Лаънат ба даъвогарон, танови умрашон канда шавад, илоҳим!» мегуфтанд мардуми саргардон.
Аз рўзи ҳафтаи дуюм Ҳабибуллои магазинчӣ бо ду нафари ношинос омада дари магазинро кушоданд. Дидагиҳо давида барои харид омаданду ноумед баргаштанд. Дари магазинро аз дарун пўшиданду аз берунаш эълони «Ревизия» овехтанд. Баъд фаҳмидем, ки Ҳабибулло магазинро месупоридааст, чунки суди халқии ноҳия барои «пинҳонфурўшӣ»– аш ўро ба мўҳлати панҷ сол аз кори савдо барканор кардааст.
Ба андеша рафтам, аз дилам гузашт, ки дар ин кор танҳо ман гунаҳкор, агар ҳамон рўзи наҳс шўхиомез «зиёфат аз мову газакаш аз Шумо, Ҳабибулло» намегуфтам, имрўз ҳама орому осуда буданд.

пешина
аз 276
навбатӣ