Шоҳроҳи истиқлол

Истад ҚОСИМЗОДА
РЎ –РЎИ ЯХ БА СЎИ САРНАВИШТ
Ҳикоя
Ангушт макун ранҷа ба дар кўфтани кас, То кас накунад ранҷа ба дар кўфтанат мушт!
Рўдакӣ
1 Зимистони қаҳратуни соли 2008. Вай он қадар бо тўфону туғён омада буд, ки барфи аввал об нашуда, дуюму сеюмаш фуромад. Шамолу яхбандиҳои замҳарираш мардумро ба ташвиш овард. Талу теппаҳои атрофи Душанберо низ барфи баланд фаро гирифта буд. Шохаҳои дарахтон бодому олуболуи баҳорон гулкардаро мемонд. Кўҳҳои осмонбўси атрофи Варзобу Ҳисор гўё доимӣ даруни тумани ғафсу абрҳои тира афтода буданд. Ҳамон бегоҳӣ танҳо осмони ҷануб каме соф буд.
Офтоб аз паҳлўи чапи Хоҷабаркўҳи азим мегузашт, ки дар истгоҳ Лазиз махсуму Надим духтур аз таксӣ фуромаданд. Ҳарду баробар ба соати кисагии сарпўшдору ялаққосиашон нигаристанд.
– Даҳ дақиқа кам шаш! – гуфт Лазиз махсум. – Ҳоло барвақт. Баҳузур то Қалъа–хонаи писар расидан мумкин.
– «Ё насиб» гўед, махсум, – шўхӣ кард Надим духтур, ки махсум ўро бо лақаби байтор ном мегирифт.
Махсум лабханд кард. Ду дандони тилоияш ялаққос зад.
Ин лаҳза ғизолтаксие наздик омад.
– Махсум, – гуфт Надим байтор – ҳамин ҳоло рўз торик мешавад... Беҳтараш, хонаи мо равем. Меҳмон шавед. Субҳ – чашми рўз ки кафид, хона меравед.
– Не, – розӣ нашуд ў. Аз рўи одат, дамдуздона дигар гап назад.
Байтор ин хислати ўро медонист. «Бемории ошнояш Навинаро беҳуда барояш хотирнишон кардам. Аҷаб не, мастомаст хеста ҳамон сў равад!» – аз дил гузаронд.
Мошин пуродам шуду ёвараш боз ҳам ҷор меандохт:
– Бийо–о! Охирин мошин! Ҳи–сор, Қалъ–а.. Се кас лозим, ду кас, ана як ҷо монд, би–йо!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор