Шоҳроҳи истиқлол

– Ҷо дорӣ? – ба дарун нигоҳ кард махсум.
– Барои шумо ҳаст! Паҳлўи ронанда мефорад–тон? Чақ– чақ карда меравен бобӣ, то «конечка»1 – гуфт ёвар ва махсумро аз оринҷаш дошта боло баровард. – Кам–кам кайф ҳам дорен–а, бобӣ? – хандид бача.
– «Тиш–ш–ш!» – ангушт ба лаб бурд махсум.
– Хуб. О–мин! Саломат ба манзил бирасед! – дуо дод байтор.
Атрофиён ҳама даст ба рў кашиданд. Мошин ба роҳ даромад.
– Ўҳ, кабина гарм! – гўён махсум кулоҳи сиёҳашро аз сар гирифт.
– Ҳоло яхдон барин сард мешавад, – телпак ба сар ниҳод ронанда ва аз роҳ чашм наканда гуфт: – Маро нашинохтед– а, амакӣ?
– Дар чашмам оташ барин гарм метобӣ. Дар ҷое дидаам.
Вале...
– «За то» мо мешиносем. Дар Қалъа писаратон Ашраф ҳаст–а?
– Бале. Мешиносӣ ўро?
– А как–же!..
– Соз–соз гап зан! – ислоҳ карданӣ шуд ўро махсум.
– Бобӣ, кайф доред–а? – пурсид ёвар.
Махсум гўш ба карӣ зад.
Мошин аз паҳлўи қабристон ба роҳи рост баромаду шафақи лолагуни осмони ҷануб ба чашмаш зад. Махсум ин байтро ба ёд овард:
Шафақро лолагун дидам, намози шом дар гардун,
Магар хуршедро куштаст, дорад домани пурхун.
– О–ҳо–о! Гап нест ба шумо, бобӣ. Чӣ шеъри ҷонон!
Такрор намекунед, бобӣ? – хоҳиш кард ронанда.
– Неъ! – гуфт махсум. – Чунин байтро бе «нимта!» такрор намекунанд!..
– Ҷонам–катӣ! Қалъа расем, баъд...
Махсум байтро такрор карданӣ шуд, ки забонаш нагашт... Кайфаш халал расонид...
Мошин хеле роҳ тай намуд. Ба мавзеи Мортеппа наздик
1 Конечка – лафзи навбаромад, ба маънои истгоҳи охирин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор