Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

шуду кадоме хост фурояд. Махсум як ба атроф ҳаросон нигоҳ кард:
– Моро куҷо мебарӣ, бача?
– Қалъа мебарам, бобӣ! Худ гуфтед–ку!..
– Аз роҳи боло омадӣ?
– Бале.
– Ба сероҳа, ки расидӣ, ист!
– Қалъа намеравед–чӣ?
– Неъ!
Ў «ҳа»–ро ин бегоҳ гўё фаромўш карда буд.
Офтоб фурў рафт. Батадриҷ оламро пардаи торикӣ фаро гирифт. Танҳо чароғи мошин рўи роҳу барфи атроф мелағҷиду халос.
– Дар ин ҳавои сард, куҷо меравед, бобӣ?
– Бовим «свидания»1 дорад, – шўхӣ кард ёвар.
– Дурам набар, бача! – гўён махсум як сомониро бозӣ доронда ба ў дароз кард.
– Лозим не, амакӣ. Аз шумо – як дуо!.. Дуо аз пул волотар!..
– Э, умрат дароз бод! – дуо кард ў. – Чӣ ном дорӣ?
– Субҳон! Додари Мустафои ҷўраатон. – гуфт ронанда ва баъд аз хамгашти Мортеппа мошинро таваққуф дод. Махсум иҳҳасзанон фуромад. Мошин роҳашро давом дод...
Махсум рў–рўи барфи тагаш ях ғирч–ғирч қадам монда, ба роҳи маҳалла дохил шуд. Бодиққат ба атроф ва гоҳе ба таги пояш менигарист... Ў мерафту пеши чашмаш сурати ду хонум – завҷааш Собина ва собиқ дўстдоштааш Навина ҷилва мекард...
2 Хонаи писари хурдии махсум, ки худ бо хонумаш он ҷо мезист, дар ақиби Қалъа, дар домани теппаҳои бедолу дарахти таги барфу яхмонда воқеъ буд. Ҳоло қадам мезаду ба ёд меовард: «Дувоздаҳ рўз боз хонум дар хона не. Наберадор шудам гуфта, хонаи духтараш (ба Шарора) рафту ҳамон ҷо монд. Худаш–танҳо... Одатан, зиқ шавад, дамудуд хеста ягон сў мерафт... Инак, ҳоло «Иллат биравад, одат наравад!» – гуфта роҳи хонаи Навинаро пеш гирифт... Хайрият, ки Надим байтор хотирнишон кард... Вай бемор будаст. «Бинам» –

1 Свидание – вохўрӣ.

пешина
аз 276
навбатӣ